logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма

Бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа  фармон медиҳам:
1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат равона гардидааст, дастгирӣ карда шавад.
2. Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар мӯҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд;
- имконияти телевизион, радио, рӯзнома ва маҷаллаҳоро барои сари вақт хабардор намудани аҳолӣ аз ҷараёни иҷрои масъалаҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ пурратар истифода баранд.
3. Роҳбарони воситаҳои ахбори омма:
- таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводҳои танқидӣ ва таҳлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш ҳисобанд;
- дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо, инъикоси саривақтии натиҷаҳои вокунишро ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2009, № 622


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3283
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед