номаҳо
ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Кишти баҳорӣ қафо монд. Чаро?»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 13 марти соли 2014 рӯи чоп омадааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Номусоид омадани обу ҳавои феврал ва аввали моҳи март ба пешравии кишти баҳорӣ монеаҳо эҷод намуд. Имрӯзҳо кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон босуръат пеш меравад.
Тибқи маълумоти фаврии раёсати рустанипарварии вазорат то 7 апрел дар вилояти Хатлон дар майдони 7261 (81%) гектар кишти баҳории ғалла, 3106 (23%) гектар картошка, 9410 (74%) гектар кишти сабзавот гузаронда шудааст, ки баробари 62 фоизи дурнамо мебошад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта 27 март дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо иштироки сардорони раёсатҳо ва олимону мутахассисони соҳа ҳамоиши машваратӣ доир намуд. Дар ҳамоиш кишоварзони вилоят вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар муддати кӯтоҳтарин кишти баҳории зироатҳои кишоварзиро ба анҷом расонанд.
Дар ҳамин шумораи рӯзнома мақолаи «Зарурати таҷдиди хоҷагиҳо» рӯи чоп омадааст. Таҷдиди хоҷагиҳо дар доираи ваколатҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор меояд.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои заминсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷдиди хоҷагиҳоро ба роҳ монда истодааст. Оид ба таҷдиди хоҷагиҳо ва ташкил намудани Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи «Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин» фаъолият менамояд.
Ҷ. САИДОВА,
муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2014 №: 66 Мутолиа карданд: 1452