logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Трейси Ҷекобсонро ба ҳузур пазируфт

6 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Трейси Ҷекобсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
Оид ба нақшаи Амрико доир ба зиёд намудани нерӯҳои низомиаш дар Афғонистон,  авзои кунунӣ ва рушди минбаъдаи он дар ин кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бо назардошти ниёзи нерӯҳои эътилофии посдори сулҳи Афғонистон ба расондани борҳояшон аз тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ, сохтмони боз як пули мошингард дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Ба гуфти Трейси Ҷекобсон айни ҳол лоиҳаи Асоснокии техникию молиявии сохтмони ин пул аз ҷониби Амрико мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар марҳилаи кунунӣ истифодаи пурраи пули Панҷи Поён аз афзалиятҳои асосии Амрико дар таъмини транзити борҳо ба Афғонистон маънидод шуд.
«Тоҷикистон омода аст, ки ба Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар таъмини транзити борҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона ба Афғонистон ҳамаҷониба мусоидат намояд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки расондани бемонеаи борҳои гуногун, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, маводи сӯхту  ғизоӣ, доруворӣ ва ғайра на танҳо барои нерӯҳои низомӣ, балки баҳри кӯмак расондан ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ бисёр муҳим аст.
Дар мавриди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникии ду кишвар зикр гардид, ки ҳамасола беш аз 80 чорабинии муштарак оид ба омӯзиши кадрҳо дар Тоҷикистон, Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон, семинару конфронсҳо, машқҳои низомӣ ва ғайра гузаронда мешаванд.
Ба иттилои  Трейси Ҷекобсон Амрико ҳамчунин дар бунёди терминали гумрукии Панҷи Поён, як машқгоҳи низомӣ дар шаҳри Турсунзода ва таҷдиди заставаҳои сарҳадии Тоҷикистон саҳми намоён мегузорад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯ сурат гирифт.

ххх
Трейси Ҷекобсон, Сафири  фавқулодда  ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
-Ман бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум як қатор масоили мубрами рӯз, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ҳар ду кишвар, вазъи кунунии Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар суботи авзои ҶИА, ҳамчунин транзити борҳои тиҷоратии Амрико аз қаламрави Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем.
Дар вохӯрӣ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар таъмини транзити борҳои тиҷоратӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоию сӯзишвории аз Амрико ба Афғонистон интиқолшаванда мусоидат хоҳанд кард.
Бино ба иттилои сафир бо дарназардошти ба Афғонистон фиристодани 30 ҳазор низомии амрикоӣ ва расондани борҳои мавриди ниёзашон ба ин кишвар мувофиқа ҳосил шуд, ки дар дарёи Панҷ боз як пули мошингард бо маблағгузории Амрико сохта шавад. Бунёди пули мазкур дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон дар назар аст ва ҳафтаи пеш Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи расмии онро барои омӯзиш ба ҷониби амрикоӣ пешниҳод намудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин мавриди баҳрабардории пурра қарор додани пули мавҷудаи Панҷи Поён матраҳ шуд. Он ояндаи наздик ба таври шабонарӯзӣ мавриди истифода қарор мегирад. Зикр гардид, ки ИМА дар бунёди як тамрингоҳи низомӣ барои артиши Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, терминали гумрукӣ дар Панҷи Поён, барқарорсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, баргузории машқҳои муштарак ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ саҳм мегузорад.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед