маориф
САЁҲАТ БА МАКТАББАЧАГОН ЧӢ МЕДИҲАД?
Саёҳат ба табиат омили муҳими инкишофи шахсият, аз ҷумла тафаккури экологии мактаббачагони хурдсол мебошад. Қабл аз ҳама муаллим бояд бидонад, ки мақсади асосии таълим дар зеҳни хонандагон ҳосил намудани ақидаҳои саҳеҳ дар бораи табиат, аҳолӣ ва хонавода аст. Ба он муваффақ гардад, ки насли наврас ба арзишҳову сарватҳои миллӣ арҷ гузорад.
Хонандагон ба олами табиат ва муҳити зисти хеш шавқи беандоза дошта, мекӯшанд, ки дастовардҳои табиату одамон, олами набототу ҳайвонотро омӯзанд ва муҳофизат кунанд. Мушоҳидаи табиат барои мактаббачагони хурдсол имконият медиҳад, ки ҳисси ғамхорӣ ва эҳтиромро нисбат ба табиати атрофи худ ташаккул диҳанд. Барои ба ин мақсад ноил шудан, пеш аз ҳама, донистани синни хонандагон, истифодаи усулҳои самарабахши таълиму тарбия, навоварӣ ва эҷодкорӣ дар фаъолияти педагогии муаллим зарур аст.
Саёҳат барои мустаҳкам намудани донишҳои экологӣ зарур аст. Хонандагони хурдсол ҳангоми саёҳат ба табиат бо фаъолияти меҳнатии сокинони маҳали худ шинос мешаванд.
Давраҳои асосии гузаронидани экскурсияҳои таълимӣ чунинанд: муайян намудани мавзӯъ, мақсад ва ҷои гузаронидани экскурсия, шиносоӣ бо мавзеъҳои асосии мушоҳидашаванда, ташкили суҳбат бо мутахассисон, ба ҳисоб гирифтани сарватҳои табиии мавзеъ, ки ба хонандагон нақл карда мешавад.
Дар раванди омодасозии хонандагон ба саёҳат ба муаллим лозим аст, ки ба хонандагон дар бораи мақсад ва вазифаҳои экскурсияҳои навбатӣ ва ҷои он маълумоти муфассал диҳад. Пеш аз экскурсия барои рушди тафаккури экологии хонандаҳо супориш додан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳангоми экскурсия бояд ҳар як хонанда аз рӯи супоришҳои ба зимма гирифтааш амал намояд. Аз иҷрои супоришҳо ҳисоботи хаттӣ диҳад. Муаллим аз рӯи маълумотҳои дар рафти экскурсия ба даст оварда суҳбат ташкил мекунад.
Ҳамин тариқ, ташкили самарабахши ин шакли таълим барои мактаббачагони хурдсол ба беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбия, омӯхтани сарватҳои муҳити зист ва мукаммал шудани донишҳои экологию ташаккули завқи эстетикӣ воситаҳои муҳимтарини таълиму тарбия ба ҳисоб мераванд.
Сурайё НАЗАРМАМАДОВА,
омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 20 –и ноҳияи Шуғнон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2014 №: 68 Мутолиа карданд: 2261