номаҳо
«КӮЗАИ НАВУ ОБИ ХУНУК»
Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» мақолаи «Кӯзаи наву оби хунук ё қарори раиси шаҳр чаро иҷро намешавад?»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 7 (22 312) аз 9 январи соли 2014 ба чоп расидааст, рӯзи 4 апрели соли 2014 дар ҷаласаи назоратии назди директори муассиса бо иштироки роҳбарони аввали корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд қайд кард, ки иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе № 260 аз 30 майи соли 2011 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2011, № 251 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» зери назорати ҳамарӯзаи мутасаддиёни соҳаи нақлиёт қарор дорад. Ҳар рӯзи душанбе дар назди муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе ва рӯзи ҷумъа дар назди директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо иштироки роҳбарони аввали корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе ҷаласаҳо баргузор мегарданд, ки дар он проблемаҳои соҳа ҳаллу фасл мешаванд. Ҳамзамон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон Сомонаи иттилоотии хизматрасониҳои коммуналӣ «Мо метавонем» арзи вуҷуд дорад, ки шаҳрвандон арзу шикояти худашонро метавонанд тариқи ин сомона ирсол намоянд.
Барои шаффофияти иҷрои ин қарор дар ҳамаи воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳр, ки бо ҷамъиятҳои иҷозати мусофиркашонидошта шартномаи ҳамкорӣ доранд, арзиши роҳкиро насб карда шудааст. Инчунин телефонҳои ҷамъияти хизматрасон, мақомоти назораткунанда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе насб карда шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд бевосита муроҷиат намоянд.
Мо борҳо тариқи воситаҳои ахбори омма ба шаҳрвандон муроҷиат кардаем, ки мақсади асосии мо хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии мусофирон мебошад ва хоҳиш кардем, ки барои осон кардани кори ронанда роҳкиро пешакӣ тайёр карда ва хуб мешуд, ки бе бақия пардохт намоянд. Воситаи нақлиёти ҳаракаткунанда мувофиқи суръати техникӣ дар як сония аз 18 то 22 метр масофаро тай мекунад ва дар вақти ба бақия додан машғул будани ронанда ягон ҳолати нохуш рӯй доданаш аз эҳтимол дур нест.
Нақлиётчиёни пойтахт шаҳрвандони муҳтарамро барои ҳамкорӣ даъват намуда, аз он шахсоне, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо далелҳои мушаххас ҳам тариқи рӯзномаю маҷаллаҳо ва ҳам тариқи сомонаи иттилоотии хизматрасониҳои коммуналӣ - «Мо метавонем» муроҷиат менамоянд, миннатдор мебошанд. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем камбудиҳои ҷойдоштаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанберо ислоҳ намоем.
Ф. САИДОВ,
директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»
Посухи ҳавоӣ
P.S. Хонандаи азиз, ин гуна ҷавобро дар урфият «Аз сар соқит кардан» мегӯянд. Яъне дар ин муддат аз ҷониби ин «хидматгузорони халқ» ягон кори назаррас ба анҷом нарасидааст. Ронандаҳо имрӯз ҳам беибо ва шарму ҳаё ба ягон мусофир бақия намедиҳанд. Ва парво ҳам надоранд, ки қарораш чисту онро кӣ баровардааст.
Муҳтарам Ф. Саидов ба ҷойи он, ки мусофиронро «бақияи худро, ҳаққи худро аз ронандаҳо талаб кунед», гӯяд, насиҳат мекунад, ки роҳкироро пешакӣ тайёр кунед». Ӯ гӯё намедонад, ки қариб ҳар ронанда пулчин гуфтанӣ хидматгор дорад. Ва аз ҳар мусофир роҳкиро гирифта, бақия доданро фаромӯш мекунад. Аз ҳар мусофир ҳар рӯз ҳазорҳо 20 - дирамаву 40 - дирамаи бақия ба ҷайби ронандаю пулчин меравад. Ва ин амали носавобро муҳтарам Ф. Саидов ва дигар хидматрасонҳои соҳаи нақлиёти шаҳр хуб медонанд, вале аз чист, ки пайи ислоҳи он тадбири мушаххасе намеандешанд?
Ба ин савол кӣ ҷавоб мегӯяд?
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2014 №: 68 Мутолиа карданд: 1493