logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аксел Шиммелпфенниг

6 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари  гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон  Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуданд.
Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи байналмилалии асъорро пурра иҷро намуд ва акнун мо ба таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ мекунем». 
Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт ва акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки дар таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт таваҷҷӯҳи асосӣ ба андешидани чораҳои муассир баҳри паст намудани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда мешавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба рушди ҳамкориҳо таъкид намуданд.

ххх
Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки мо зимни сӯҳбати самимӣ ва пурмӯҳтаво омодагии хешро баҳри рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намудем ва аз он қаноатманд гаштем, ки натиҷаҳои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2008 хеле хуб буданд. Ин дар ҳоле даст дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии кишвари шумо чораҳои муассири сиёсати макроиқтисодиро дар амал татбиқ намуданд. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳашт дар сад афзуд. Дар ин муддат беқурбшавии пул кам гардида, охири моҳи декабр он 12 дар садро ташкил дод.
Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг вазъият дар соли 2009, тавре ки интизор меравад, мушкилтар мешавад. Коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисодиёт дар ҷаҳон ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфии худро мерасонад. Ба мо маълум аст, ки вақтҳои охир нархи маҳсулоти асосии содиротии кишвар- алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ хеле паст гардид.
Вобаста ба ин гурӯҳи кории мо дар Душанбе давоми ду ҳафта бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон нақшаҳои иқтисодии соли 2009-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои муассири сиёсати макроиқтисодӣ, ки ба пешгирии таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нигаронида мешаванд, мусоидат менамоем.
Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор тазаккур дод, ки  мо якҷо бо иқтисоддонҳову коршиносони Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ хоҳем кард, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии ХБА-ро пурра иҷро намуд.
 

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2444
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед