logo

маориф

БА ИМДОДИ ОМӮЗГОР КӢ МЕРАСАД?

МЕҲРИ КАСБ БА ҲАР КӮЯТ БИБАРАД
Сафармо Мирзоева омӯзгорест зодаи ноҳияи Фархор ва фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб. Фаъолияти кории ин бонуи заҳматписанд соли 1988 аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 - и ноҳияи Нуробод оғоз ёфта, то соли 1995 дар мактаби таҳсилкардааш - рақами 11 - и ноҳияи Фархор ва то соли 2010 дар мактаб - интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба толибилмон аз фанни забону адабиёти тоҷик сабақ додааст.
Аз сабаби нарасидани мутахассисон ӯро бо фармоиши Раёсати маориф ва илми вилоят ва шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 - и деҳаи «Саноат» - и Ҷамоати деҳоти Узун ба кор мефиристанд. Инак, аз соли 2010 инҷониб дар ин мактаб, ки аксари омӯзгоронаш ӯзбекзабонанд, ба фарзандони халқ забони давлатиро меомӯзонад.

ИНТИХОБ: ОМӮЗГОРӢ Ё ҚИТЪАИ ЗАМИН!
Агар ба зиндагиаш жарфтар мутаваҷҷеҳ шавем, аён мегардад, ки ӯ алҳол дар як муҳити барои пешбурди ҳаёти оилавӣ носозгор умр ба сар бурда истодааст. Кулбаи кӯҳнае, ки вай ҳамроҳи писари ягонааш дар он сукунат дорад, дар ҳавлии мактаб ҷойгир буда, аз чӯбу тахта бино ёфтааст.
Вақте ба хонаи муаллима наздик шудем, он анбори қадимсохти мардуми кӯҳистонро ба ёдамон овард. Тахтаҳои пӯсидааш гӯиё интизори ларзиши каме бошиддати бод буданд, то ба одамон фаҳмонанд, ки кайҳо вазифаашонро адо кардаанд...
 Бо даъвати соҳибхона ба ин кулбаи фақирона ворид шудем. Аз сӯрохиҳои деворҳои тахтагин аҳён-аҳён садои ҳушт - ҳушти шамол ва сардии ҳаво вориди хона мегашт. Биноан, муаллима алоқадри тавоноияш як қисми хонаи чӯбинашро ба хотири шамолпаноҳ шудан бо плёнка печондааст. Аз сабаби тангии кулба базӯр ҷойи нишасти мувофиқ пайдо кардем.
- Ҷойи зистамон тамоман нохуб аст, - оҳи пурдард кашида, гуфт муаллима Мирзоева. - Ҷои хоби ману писарам Муҳаммадӣ низ ҳамин ҳуҷра аст. Дар мавсими сармо бисёр хунук буд.
Кулбаи вайронаи ин модару писари танҳоро дида, соли 2010 раиси вақти ноҳия Руҳулло Ҳакимов ваъда дода будааст, ки замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, вале афсӯс аз он қитъаи ваъдашуда бо гузашти чаҳор сол ҳанӯз дараке нест. Баъдан раиси дигари ноҳия Амируллои Асадулло ҳам аз ин мушкили муаллима огоҳ шудааст.
- Барои ҳалли масъала ба назди Амируллои Асадулло рафтем ва ҳатто мактуб низ пешниҳод карда будем, - бо ҳасрат изҳор кард омӯзгори собиқадор Сафармо Мирзоева. - Пас аз чанд рӯз ҷавоби мактубро бо мазмуни зайл гирифтем: «Барои эҳтиёҷманд буданатон шуморо дар рӯйхати ниёзмандони навбати аввал ҷой кардем ва аризаи шумо аз 4 марти соли 2013, таҳти рақами 474 «Оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ» барои баррасӣ ба Ҷамоати деҳоти Узун фиристода шуд». Аз Ҷамоати деҳоти Узун низ номаи ҷавобӣ гирифтем, лекин ин ваъдаҳо кулбаи тахтагину сарди моро ба ҳавлии васею хонаи мустаҳкам бо гузашти беш аз як сол иваз карда натавонистанд. 18 сол аст, ки интизори заминем. Писарам ба синни 23 расидааст. Ӯро танҳо, бо ҳазорон машаққат ба воя расондам ва акнун мехоҳам, ки тӯяшро бинам, аммо дар ҳоле ки манзили мувофиқ надорам, намедонам арӯси ӯро дар куҷо ҷой мекунам. Муҳаммадӣ мегӯяд, ки «Очаҷон, маро дуо бидеҳ, то ки барои пулҷамъкунию хонахарӣ ба Русия равам». Лекин ман чӣ тавр писари ягонаамро ба мулки бегона фиристам? Худо накунад, агар бо ӯ ҳодисае рух диҳад, маро кӣ соҳибӣ мекунад? Ба додам нарасанд, маҷбурам касберо, ки аз дилу ҷон дӯст медорам, тарк намоям ва дар ҷустуҷӯи замин ба дигар ноҳия кӯч бандам, - афзуд мавсуф. 
Ба андешаи ин ҷониб, аз чунин ноҷӯрӣ дар рӯзгори омӯзгор - нафаре, ки баҳри тарбияи фарзандони мо нури чашму торҳои асабашро дареғ намедорад, ба ҳеҷ ваҷҳ чашм пӯшидан раво нест. Зеро ба ивази ин қадар меҳнати тоқатфарсо, ки на ҳар кас онро таҳаммул карда метавонад, ин зоти шариф, ҳоло дар мисоли муаллима Сафармо Мирзоева, бешак, пеш аз дигарон ба замини хонаҷо ҳақ дорад.
Акнун умеди охирини муаллима ба раиси тозатаъйини ноҳия Маҳмадраҳим Исмоилов мондааст. Ӯ бовар дорад, ки раиси нав ба додаш мерасад.

Давлатбеки КАРИМЗОД,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2014    №: 71    Мутолиа карданд: 1702
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед