номаҳо
МАҲСУЛОТ ЗИЁД ШУД Ё ИЗОФАНАВИСӢ?
20 феврали соли ҷорӣ «Ҷумҳурият» мақолаеро таҳти сарлавҳаи «Маҳсулоти арзоншуда дар куҷост?» интишор намуда буд, ки аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дарак медод. Мутаассифона, вокунише аз ҷониби масъулон ба миён наомад. Имрӯзҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо афзуда, боиси нигаронии истеъмолкунандагон гаштааст. Нархи як кило картошка 4 сомонӣ, пиёз 2,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонист. Ҳол он ки соли 2013 дар минтақа ба ҷуз картошка, дигар анвои маҳсулот аз нақша барзиёд иҷро гардида буд.
Ба қавли фурӯшандагон сабаби болоравии нарх дар кам будани маҳсулот аст. Вале тааҷҷубовар аст, ки нархи як кило сабзии худӣ ва сабзии Қирғизистон ҳам 2,5 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби инро касе шарҳ дода наметавонад. Масъулони ҷамъиятҳои матлуботи минтақаи Кӯлоб низ масъулияту рисолати хешро дуруст иҷро накарда истодаанд.
Бобоҷон Нуров, муовини сардори Раёсати ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон, тазаккур дод, ки ҳамасола дар ин айём бо чунин мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Ба ҷамъоварии ҳосили нави картошка рӯзҳои ба шумор мондааст. Баробари оғози чиниш, албатта, нарх паст мешавад.
Табиист, ки барои бемушкилӣ расидан ба мавсими ҷамъоварии маҳсулоти баҳорӣ бояд ҷамъиятҳои матлубот маҳсулоти ниёзи мардумро захира намоянд. Тибқи иттилои мутасаддиён имрӯз анборҳои онҳо аз маҳсулот холӣ мебошанд.
Барои зимистонгузаронии сол-ҳои 2013-2014 ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳои минтақа 1255 тонна пиёз ва 1390 тонна картошка захира намуданд. Деҳқонон низ ин навъи маҳсулотро вориди бозор менамоянду соҳибкорон ҳам. Аммо кай «фаровонӣ» ва «арзонӣ» дар бозор эҳсос мешавад, маълум нест. Пас саволе ба миён меояд, ки ин нишондодҳои баланд изофанависии масъулон аст ва ё чизи дигар?
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2014 №: 73 Мутолиа карданд: 1381