logo

мулоқотҳо

ТОҶИКИСТОН УЗВИ ФАЪОЛИ СҲШ АСТ

18 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Чин барои рушд ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлу, аз ҷумла дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ имконоти фарох ба миён овардааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи майи соли 2013 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин - Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ ба имзо расида буд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун шарики стратегии Чин ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай нақши муносиби худро дар таъмини муштараки сулҳу амният, чун омили асосии рушди босубот, мегузорад.
Изҳори боварӣ шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамгироии гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои созмон ва ҳам мамлакатҳои нозир натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2014    №: 73    Мутолиа карданд: 1347
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед