мулоқотҳо
ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ СММ БО ТОҶИКИСТОН
18 апрел Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Александр Зуев - ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону СММ, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо баррасӣ шудааст.
Александр Зуев баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат натиҷаҳои ҳамкории ниҳодҳои гуногуни СММ бо Тоҷикистонро дар ҳузури хабарнигорон тавсиф намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, дар заминаи ҳамкориҳои судманд озмоишгоҳи инноватсионии бемориҳои сироятӣ ва се шифохонаи бемории сил дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ бунёд гардида, бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон татбиқи босамари лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, безарарсозии чашмраси минаҳо ва дигар маводи таркандаро натиҷаҳои босамари ҳамкориҳо арзёбӣ кард. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки соли 2013 бо истифода аз усулҳои нави поксозии минаҳо 23 ҳазор мина ва дигар маводи тарканда безарар гардид, ки нисбат ба 8 соли пеш 40 дарсад зиёд аст.
Александр Зуев бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон нақши кишвари моро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи об, муассир донист.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2014 №: 73 Мутолиа карданд: 1337