номаҳо
«www.hukumat – kulob.tj» фаъол мешавад»
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Роҷеъ ба масъалаи бардоштаи мақолаи «Сомонаҳои бесомон» («Ҷумҳурият», 14. 03.2014) иттилоъ доданием, ки дар ҳақиқат сомонаи интернетии шаҳри Кӯлоб ба мавод ва дигаргунии техникӣ ниёз дорад. Камбудиҳои ҳуруфии сомона бо сабаби иваз шудани ширкати таъминкунандаи интернет (провайдер) ба амал омад, ки онҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф хоҳанд шуд.
Мо тамоми чораҳоро барои ғановати сомона андешида, мизоҷонро мутмаин месозем, ки сомонаи худро аз ҷиҳати сохт ва шакл пурра иваз карда, онро бо маводи зарурӣ таъмин менамоем.
А. РАҲМОНОВ,
раиси шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2014 №: 74 Мутолиа карданд: 1769