logo

ҳукумат

ҶАМЪОМАДИ ВАСЕИ КОРИИ ҲУКУМАТ

23 апрел, нимаи дуюми рӯз, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи корӣ баргузор гардида, бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи вилояти Суғд доир ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, хусусан навсозии роҳҳои мошингард ва омодагӣ ба зимистони оянда аз масъалаҳои асосии ҷамъомад номида шуд.
Чунонки зикр гардид, дурнамои киштукори баҳорӣ то имрӯз дар вилояти Суғд ба андозаи 70% ва дар вилояти Хатлон 88% иҷро шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба картошка дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, ба афзун намудани майдони кишти ин зироат ва ҳосилнокии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.
Доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ки аз он хисороти калон дидаанд ва ҳам доир ба захира намудани маводи барои чунин ҳолатҳо зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки то 10 май раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ва ҳамчунин бунёди боғҳо ҳисобот пешниҳод намоянд.
Дастуру ҳидоятҳо доир ба омодагӣ ба 20-солагии Конститутсия ва Суруди миллӣ ва бузургдошти 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2014    №: 77    Мутолиа карданд: 1702
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед