маориф
ҲАФТ РУКНИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
Хуршед ЗИЁЕВ,
доктори илми фалсафа, профессор,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Мо - аҳли маорифи ҷумҳурӣ ифтихор аз он дорем, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сарварии хеш ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва тамоми равандҳои соҳаи маориф ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус дошта, пайваста изҳор доштаанд, ки «маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст» ва «фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».
Хушбахтона, ин сиёсати пешгирифтаи давлати мо ва Сарвари маорифпарвари он хусусияти устуворӣ дорад ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ин собитқадамиро дар рушди соҳаи маориф бори дигар ба тамоми ҷаҳониён собит сохт. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад».
Чунин муносибати Президенти кишвар ба маориф моро агар аз як тараф умеди тоза ба дурахшонии соҳа медиҳад ва аз ҷониби дигар вазифадор месозад, ки барои татбиқи чунин сиёсати хирадмандона ҳама аҳли маориф дастаҷамъона талош варзем.
Дар Паёми имсола мо ҳафт нуктаеро аз соҳаи маориф, хусусан аз зинаи таҳсилоти олӣ, ҷудо сохтем, ки метавонанд, аз диди мо, чун рукни муҳимтарини рушди минбаъдаи соҳаи маориф хизмат карда, татбиқи онҳо на танҳо ба рушди илму маориф, балки барои рушди тамоми ҷомеаи муосири мо мусоидат намояд.
Аввалан, чуноне ки Президенти кишвар изҳор доштанд, мо бояд ба мактабу маориф ҳамчун ба омили муҳимтарини амнияти миллӣ муносибат дошта бошем, зеро дар ҷаҳони имрӯза танҳо фарзанд ва шогирде, ки дониш, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кардааст, тарбиятёфта ва фарҳангӣ, ватандӯсту худшинос аст, метавонад дар оянда идомадиҳандаи анъанаи волидону устодони худ дар кори ободонии Ватани хеш бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф бошад, мо - аҳли маориф бояд ҳам дар самти таъмини сифати таҳсилот ва ҳам дар такмили корҳои тарбиявӣ пешоҳанг бошем.
Барои мисол пешниҳод менамудем, ки ба мақсади такмили корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими куллии фанни одоби муошират ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таълим додани мавзӯъҳои алоҳидаи он вобаста ба хусусиятҳои синнусолии донишҷӯён ба нақша гирифта шавад.
Ҳамчунин, ба мақсади ба таври муассир гузаштани таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва идҳои расмӣ ин амал бояд на дар шакли чорабиниҳои якдафъагӣ, балки дар шакли силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла дар шакли ҳафта, даҳа, моҳвора ва амсоли он гузаронида шавад, то ки дар хотири шогирдон нақши устувортаре дошта бошад. Дар баробари ин, зарур аст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои дастаҷамъонаи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, озмунҳои илмӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ ва ғ. дар шакли фестивалҳои забон ва фарҳангҳо, мусобиқаҳо оид ба намудҳои гуногуни варзиш, озмунҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва амсоли он бо мушаххас кардани муассисаи масъули умумии ҳар як чорабинӣ аҳамияти бештар дода шавад. Ҳалли масъалаи риояи тартиботи дохилии муассисаҳои таълимӣ ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо роҳи таъсиси комиссияҳои босалоҳият низ метавонист самари хубе дар кори тарбияи шогирдон ба бор орад.
Сониян, дар ҷавоб ба он, ки омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мақоми хоса касб карда, Ҳукумати кишвар ва Сарвари он дар Паёми хеш иброз доштаанд, ки барои «баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд», мо - устодону омӯзгоронро зарур аст, ки натанҳо ба ин мақоми пурифтихори худ, балки ба рисолати пурмасъулияту душвори хеш дар таълиму тарбияи шогирдон низ таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Имрӯз вақти он фаро расидааст, ки тамоми талаботи Савганди омӯзгорро, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба тасвиб расидааст, ҳар як фарде, ки ба таълиму тарбияи шогирдон машғул аст, аз самими қалб ба иҷро расонад.
Сеюм, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар ҳафт соли оянда 27 миллиард сомонӣ харҷ намояд. Хароҷоти чунин маблағҳо ба он мусоидат мекунад, ки муассисаҳои таълимии кишвари мо, ки имрӯз ба талаботи ҷаҳонӣ наздик мешаванд, боз ҳам муҷаҳҳазтар гардида, шароити мусоиду муосир барои илмомӯзии шогирдон муҳайё карда шавад.
Вале дар баробари ин мо вазифадорем, ки барои самаранок ва бамақсад истифода гардидани маблағҳои давлатӣ саъй намоем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки иловатан маблағҳоро барои рушди муассисаҳои таълимӣ аз сарчашмаҳои дигар ҷалб созем. Дар ин самт такмили хизматрасониҳои иловагии таълимӣ, фаъолгардониии технопаркҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пайваст сохтани илму истеҳсолот бояд ба ҳайси манбаъи нахустини пайдо сохтани маблағҳои иловагӣ барои рушди соҳаи маориф хизмат намоянд.
Чаҳорум, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ аз дастовардҳои муҳими соҳа мебошад, ки маҳз бо иқдоми Ҳукумати мамлакат амалӣ гардид. Дар ҳақиқат ҳам, чунонки дар хотири мо нақш бастааст, муҳимтарин рӯйдод дар сафари расмии Президенти кишвар ба як қатор кишварҳои Аврупо, ки дар ибтидои моҳи июни соли 2011 сурат гирифт, ин ҳамроҳ гаштани кишвари мо ба «Конвенсия оид ба эътирофи дараҷаҳои тахассусии таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо» буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шӯрои Аврупо Т. Янгланд ба он имзо гузоштанд.
Конвенсияи баимзорасида санади муҳими байналмилалиест, ки дар шаҳри Лиссабони Португалия 11 апрели соли 1997 аз ҷониби чил кишвари дунё қабул гардида, барои рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ байни давлатҳои минтақаҳои гуногуни олам нигаронида шудааст. Зимни сафари мазкури Президенти кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате буд, ки дар қатори боз шаш кишвари дигари собиқ Итттиҳоди Шӯравӣ, яъне Арманистон, Белоруссия, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Эстония ба ин конвенсия ҳамроҳ гардид.
Боиси таъкиди хос аст, ки «Конвенсия оид ба эътирофи дараҷаҳои тахассусии таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо» бо ташаббуси ЮНЕСКО таҳия гардида, минбаъд аз тарафи Шӯрои Аврупо ба тасвиб расидааст. Ин санад барои осон намудани мушкилот дар самти эътирофи дараҷаи тахассусии он ашхосе, ки соҳиби диплом оид ба таҳсилоти олӣ ё дараҷаи дигаре, ки имкон медиҳад чунин ашхос таҳсилоти худро дар зинаҳои минбаъда, аз ҷумла, дар магистратура ва докторантура идома диҳанд, нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҳуҷҷат оид ба таҳсилоти олӣ дорад ё дар ягон муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил мекунад, ба имзо расидани конвенсия шароити мусоидеро барои идомаи минбаъдаи таҳсил ё машғулӣ ба ин ё он навъи фаъолияти меҳнатӣ фароҳам овард. Вобаста ба ин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хоссатан, таваҷҷуҳи Сарвари он, мо - кормандони соҳаи маориф вазифадорем, ки бо боло бурдани сифати тарбияи кадрҳои соҳиби таҳсилоти олӣ амали ин санади муҳимро дар нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ боз ҳам муассиртар намоем.
Панҷум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола вазифагузорӣ намуданд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монда, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонида, то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилотро таъмин намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин самт тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба низоми кредитии таҳсилот гузашта истодаанд ва ин амалро бояд дар соли таҳсили 2014-2015 ба куллӣ ба иҷро расонанд.
Ҳамзамон, қобили таъкид аст, ки воридшавии ҷумҳурии мо ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва ба раванди Болония қабл аз ҳама ба сифати таълим алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, дар ин ҷода бояд як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла, тибқи пурсишномаҳое, ки дар байни донишҷӯёну омӯзгорон гузаронида шудаанд, дар таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз се омили асосӣ нақши муҳим мебозад: салоҳиятнокии донишҷӯ, салоҳиятнокии омӯзгор ва мавҷудияти маводи муосири таълимӣ, хусусан бо забони давлатӣ.
Аз нуқтаи назари мо, салоҳиятнокии донишҷӯ асосан аз таълим дар муассисаи таҳсилоти умумӣ вобастагӣ дорад ва ин масъала бо рушди ин зинаи таҳсилот ҳалли худро бо тадриҷ ёфта истодааст, вале муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ бояд бо роҳи такмили таълим дар шуъбаи тайёрӣ ва гузаронидани дарсҳои иловагӣ ва машваратҳо дар курси аввал бо таҳияи нақшаву барномаҳои мушаххас масъалаи матраҳшударо ҳаллу фасл намоянд.
Салоҳиятнокии омӯзгор бошад, аз интихоби довталабони босалоҳият аз ҷумлаи хатмкунандагон барои фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ, масъулияти омӯзгор дар гузаронидани корҳои илмию методӣ, таълимӣ, истифода аз технологияҳои муосири таълим, масъулият дар гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён, саривақт гузаштан аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва омилҳои дигар вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ бояд нақшаи мушаххас ва амалишавандаи ҷалби хатмкунандагон ба аспирантура ва фаъолияти омӯзгорӣ, нақшаҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дурнамои корҳои илмию методӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дошта бошад. Бо ҳар як омӯзгор бояд созишномаи меҳнатӣ оид ба ҳатмӣ будани масъулият дар гузаронидани корҳои таълимӣ, илмӣ, методӣ ва тарбиявӣ, ҳамчунин оид ба истифодаи ҳатмии технологияи муосири таълим баста шуда, онҳо бояд, чунонки қаблан таъкид гардид, ҳатман савганди омӯзгор ёд кунанд.
Дар хусуси омили сеюми сифати таҳсилот - мавҷудияти маводи муосири таълимӣ, хусусан бо забони давлатӣ, зарур аст, ки тибқи нақшаи дастаҷамъонаи таҳия ва коркарди маводи таълимӣ барои тамоми ихтисосҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин масъала ҳаллу фасл карда шавад. Маводи таълимӣ барои ҳар як фан бояд фарогири мавод барои донишҷӯ, аз ҷумла, барнома ё силлабуси фан, китоби дарсӣ, маводи тестӣ, маводи аудио, видео, презентатсияҳо ва ғ. ва мавод барои омӯзгор (маводи зикршуда бо изофаи дастур оид ба методикаи таълими фан) бошад.
Барои таъмини сифати таҳсилот ҳамчунин зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки низоми назорати сифати таҳсилот ва баъдан низоми идоракунии сифати таҳсилот ҷорӣ шудааст, бояд ботадриҷ ба мақсади ворид шудан ба раванди Болония низоми кафолати сифати таҳсилот ворид карда шавад. Ҳамзамон, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои таъмини се омили дигари муҳим, яъне (1) унсурҳои сифат ҳангоми воридшавӣ (ба назар гирифтани имконот ва захираҳои муассисаи таълимӣ, корҳои таблиғотӣ, сифати довталабон, сифати қабул), (2) унсурҳои сифат ҳангоми ташкили равандҳо (сифати ташкили раванди таълим, корҳои таълимӣ-методӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфии донишҷӯён, сифати қабули имтиҳоноти фосилавӣ ва ниҳоӣ) ва (3) натиҷаҳои таҳсилоти сифатнок, яъне қаноатмандии донишҷӯён, корфармоён ва ҷомеа чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.
Шашум, ба ҳамагон маълум аст ва чунонки Президенти кишвар дар Паёми хеш таъкид сохтанд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кабӣ бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Барои татбиқи ин иқдоми саривақтӣ аҳли маорифи ҷумҳурӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифадор аст, ки бо роҳи фаҳмондадиҳии моҳияти имтиҳоноти марказонидашуда ба аҳли ҷомеа ва афзалиятҳои он, бо расонидани кумакҳои амалӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар интихоби ихтисос ва касбу ҳунари минбаъдаи онҳо саҳмгузор бошанд. Зиёда аз ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд, чунонки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ вазифагузорӣ кардааст, барои ташкили марказҳои тестӣ ба мақсади қабули имтиҳоноти фосилавию ҷорӣ, ниҳоию давлатӣ чораҳои муассир андешида шаванд, то ки дар раванди баҳогузорӣ ба донишу малакаи толибилмон омили субъективии аз шогирду устод вобаста ба куллӣ аз байн бурда шавад.
Ҳафтум, рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди Президенти кишвар бояд ҳамасола тавре муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод карда шавад, ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб карда тавонанд. Қобили зикр аст, ки дар соли 2010 чунин амал, яъне баҳогузории рейтингӣ ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифода аз меъёрҳои муайян ба тариқи таҷрибавӣ сурат гирифта буд. Имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ин таҷриба бо истифода аз муҳимтарин дастовардҳои маорифи ҷаҳонӣ такмил дода шуда, ба аҳли ҷомеа маълумоти воқеӣ оид ба ҳар як муассисаи амалкунанда дар соҳаи таҳсилоти олӣ дастрас гардонида шавад. Дар раванди баҳогузорӣ дар қатори меъёрҳои маъмулӣ, яъне таъминоти кадрию такягоҳи техникӣ, ба чунин меъёрҳои муосир, яъне сифати хатмкунандагон, таъмини онҳо бо ҷойҳои кори муносиб дар бозори дохиливу берунӣ ва амсоли он низ таваҷҷуҳ карда шавад.
Дар фарҷоми сухан мехостем таъкид намоем, ки рушди соҳаи маориф ва умуман, шукуфоии имрӯзу фардои ҳар як фарди тоҷик ва ҳар як тоҷикистонӣ дар он сурат ба даст меояд, ки чунин суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ сохта, ҳамеша дар хотир нигаҳ дорем, ки «ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2014 №: 80 Мутолиа карданд: 2226