logo

илм

КИМИЁШИНОСЕ, КИ ФАРМАКОЛОГИЯИ ТОҶИКРО ҶАҲОНӢ КАРД

Ашхосе, ки умри худро сарфи некӣ ва тарбияи мутахассисони варзида кардаанд, дар ҷомеа соҳиби  обруву эътибори баланданд.  Чунин хислат ба олими шинохта, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ихтироъкори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, доктори илмхои тиб, профессор Карим Ҳайдаров хос мебошад.

Карим Ҳайдаров пас аз хатми Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе соли 1953 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Баъд аз хатми донишгоҳ ба ҳайси сардухтури беморхона  ва октябри соли 1960 барои иҷрои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ба Институти умумииттифоқии рустаниҳои доругӣ ва ароматии Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуд. Мавсуф соли 1964 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Омӯзиши муқоисавии хосияти фармакологии триакантин ва папаверин» бомуваффақият дифоъ кард. Баъди бозгашт дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои кишвар ба кор шурӯъ намуд. Бо ташаббуси ӯ соли 1968 дар пажӯҳишгоҳ озмоишгоҳи  фармакологӣ таъсис ёфт ва то имрӯз роҳбарии онро ба зимма дорад.
Фаъолияти илмии устод гуногунҷабҳа аст. Яке аз самтҳои асосии кори ӯ омӯзиши моддаҳои фаъоли биологӣ ва таҳқики пайвастаҳои таркиби он ба шумор меравад. То имрӯз зиёда аз ҳазор пайвастаҳои ба тозагӣ  синтезшудаи химиявӣ ва маводи гиёҳӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд ва қисми зиёди ин пайвастаҳо  ҳамчун маводи доруӣ дар тибби муосир истифода мешаванд. Таъсиси озмоишгоҳи фармакологӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи кимиё ва дастовардҳои илмии он оид ба маводи доругӣ илми муосири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Соли 1992 Карим Ҳайдаров ба Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба кор даъват ва нахустин раиси он таъйин шуд. Ба ин васила ба пешрафт ва рушду нумуи илми фармакологияи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ аксари маводу асбобҳои ихтироъшуда барои роҳандозӣ дар тиб пешниҳод гардида, дар пажӯҳишгоҳҳои кимиё, физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва бархе аз вазорату муассисаҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Карим Ҳайдаров поягузори мактаби фармакологҳо дар бахши кашфи маводи доругӣ аз маҳсулоти синтезии пайвастаҳои органикӣ ва маводи гиёҳӣ ба шумор меравад. Ба ӯ муяссар гардид, ки бо ёрии шогирдон таъсири  қиёсии папаверин ва N-ҳосилаҳои он, тавсифи фармакологии алкаллоидҳои қатори апорфинӣ, кабудинро коркард намояд. Кабудин алкаллоиди нави қатори апорфинӣ буда, бори нахуст дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз ҳосилаҳои қатори изопироидӣ ҷудо карда шудааст. Таҳлили фармакологии сулфат ва иодметилати он аввалин маротиба таҳти роҳбарии ӯ сурат гирифт ва ин кашфиёти муҳим дар илми муосир ба шумор меравад. Маводи зикршуда хосияти баланди антиаритмӣ ва гипотензивӣ доранд. Барои ҷустуҷӯи маводе, ки хосияти баланди анестетикӣ доранд, ӯ як қатор  β-аминокетонҳо ва ҳосилаҳои тиохроман ва тиоинданҳоро мавриди омӯзиш қарор дод. Фаъолияти фармакологӣ ва таъсири холерогении ҳосилаи кислотаҳои ксантогенат ва таъсири он ба узвияти инсон таҳқиқ карда шуд. Карим Ҳайдаров якҷоя бо олимон ва кормандони озмоишгоҳи фармакологӣ теъдоди зиёди пайвастаҳои органикии гетероҳалқаиро, ки дар таркибашон атоми сулфур, оксиген, нитроген доранд ва дорои хосиятҳои хобовар, зиддиихтилоҷӣ, мушаксусткунанда, мухаддирӣ, зиддимикробӣ, барангезандаи лейкоситҳо, зиддиилтиҳобӣ мебошанд, мавриди таҳқиқ қарор дод.
Алҳол карбатин маводи асосии  зидди саръӣ ба шумор меравад ва  таъсири он назар ба фенобарбитал ва карбамазепин хеле баланд аст. Таҳти роҳбарии устод маводи хосияти баланди фармакологидошта, мисли ҳосилаи хлорбензотиофен, ҳосилаи кислотаҳои ксантогенат ва дитиокарбамат, ки ба гурӯҳи маводи антиаритмӣ ва антиалкоголи дохил мешаванд, коркард шуданд.
Дар радифи интихоби пайвастаҳои ба тозагӣ синтезшудаи кимиёвӣ дар озмоишгоҳи фармакологӣ ба таҳқиқот дар соҳаи фармакотерапия таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ба ин васила тавсифи қиёсии сулфаниламидҳо  ҷиҳати таъсири онҳо ба лахтшавии хун, таҳлили қиёсии хосияти фармакологии равғани ангат, механизми биохимиявии таъсири равған зимни истифодаи он ба сифати решмултаҳимкунанда аниқ карда шуд. Дар асоси тавсияи озмоишгоҳи фармакологӣ равғани ангат дар дармонгоҳҳои  ҷумҳурӣ ва берун аз марзи Тоҷикистон истифода мешавад. Олимон дар ин озмоишгоҳ синфи нави ҳосилаи пайвастаҳои изотиурон ва маҳсули табдили онро омӯхта, дар асоси он маводи нави доруи «нотурон»-ро пешниҳод намуданд, ки хосияти баланди захммултаҳимкунанда дорад.
Натиҷаи пажӯҳишҳои академик Карим Ҳайдаров дар 400 мақолаи илмӣ, 80 патенту ихтироъ ва 4 монография инъикос гардидаанд. Мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё чоп шудаанд. Рисолаҳои арзишманди устод то имрӯз дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он мавриди истифода қарор доранд. Ӯ шуҳрати илми тоҷикро на танҳо бо мақолаву патентҳо, балки бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ дар конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ баланд бардошта, илми муосири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Карим Ҳайдаров раиси Ассотсиатсияи фармакологҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва дар тӯли 30 соли охир  раиси Ҷамъияти  фармакологҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Солҳои 1988-1992 аъзои Президиуми Ҷамъияти фармакологҳои СССР интихоб шудааст, айни ҳол узви фахрии ҷамъияти илмии фармакологҳои Русия аст. Мавсуф ягона олими фармаколог аст, ки ба унвони баланди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Барои пешрафти илм, ихтирои маводи нави доруӣ ва дар амал татбиқ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ Карим Ҳайдаров бо нишони сарисинагии «Ихтироъкори СССР», ҷоизаи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи академик С.Умаров ва унвони баланди «Ихтироъкори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Маводи доруии ихтироъкардаи устод бо медалҳои нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи Хоҷагии Халқи СССР мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдаров нахустин ташкилотчӣ оид ба гузаронидани сессияи сайёри шӯрои илмии Академияи илмҳои тиббии СССР дар бахши фармакология ба шумор меравад.
Карим Ҳайдаров дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ - педагогӣ низ саҳми босазо гузоштааст. Шогирдони сершумори устод на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он бомуваффақият фаъолият доранд.
Устод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба шогирдон дарс мегӯяд. Солҳои тӯлонӣ раиси комиссияи имтиҳони давлатии донишгоҳҳои номбурда,  аъзои шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2008 то ба имрӯз раисии шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои биологӣ ва тиб аз рӯи ихтисосҳои фармакология ва фармакологияи клиникӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи кимиё ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар оилаи устод низ ҳама аҳли илманд. Завҷааш Марйам Муҳаммадқулова доктори илми тиб,  профессор,  фарзандонаш Дилшода номзади илми тиб,  Азамҷон номзади илми тиб, муовини сардухтури ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Азиз доктори илмҳои иқтисод, профессор мебошанд.
Карл Маркс ҳикмате дорад: «Агар одам фақат барои худ меҳнат кунад, вай шояд олими машҳур, донишманди намоён, шоири забардаст шавад, аммо ҳеҷ гоҳ инсони комил шуда наметавонад». Карим Ҳайдаров ҳам олими варзида ва аз ҳама асосиаш инсони комил, марди оқилу хирадманд аст.
Саломиддин ИСУПОВ,
академики Академияи илмҳои тиб,
Умаралӣ  РАҶАБОВ,
доктори илмҳои кимиё, профессор,
Ғуломқодир БОБИЕВ,
узви вобастаи Академияи
илмҳои ҷумҳурӣ,
Абдулҳаким ХОЛОВ,
номзади илмҳои биологӣ,
Ёраҳмад ХОЛОВ,
номзади илмҳои биологӣ,
Атҳамҷон ҚОЗИХОНОВ,
номзади илмҳои биологӣ ва дигарон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2014    №: 82    Мутолиа карданд: 2008
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед