logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДОКТОР АБДУЛЛОҲ МАЪТУҚ АЛ - МАЪТУҚ

2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал - Маътуқро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносиботи Тоҷикистону Кувайт, ки тайи ду - се соли охир ба назар мерасад, изҳори хушҳолӣ карда, аз ҷумла иброз дошт: “Ман ба дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи муфид бо Давлати Кувайт хушбинам”.
Доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал - Маътуқ низ андешаи Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ҳам ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.
Бо ёдоварӣ аз мулоқоти пурсамари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама сармоягузории лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму фан густариш меёбад. Аз ҷумла сухан дар бораи бунёди як маҷмааи табобатии мукаммали минтақавӣ, меҳмонхонаҳои хурду бузург дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷудо кардани бурсия (квота) барои интиқоли нафт ба Тоҷикистон ва ташкили коркарди он дар корхонаҳои марбута, тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ ба роҳ мондани коркард ва интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт ва дигар мавзуъҳо меравад.
Ҷониби Кувайт, ҳамчунин ба амалӣ намудани корҳои хайрия, аз ҷумла барои бунёди беморхонаи байналмилалӣ, мактабҳо, кашидани хатҳои оби нӯшиданӣ ба минтақаҳои ниёзманди Тоҷикистон, ёрӣ ба ятимхонаҳо ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2014    №: 82    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед