logo

ҳукумат

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНИ ОЯНДА БАРРАСӢ ШУД

30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тасдиқ карда шуд.
Сипас роҳбарони як қатор корхонаҳои саноатӣ аз вазифаҳо озод карда шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи як зумра вазорату идораҳо тасдиқ гардиданд.
Ҳисоботи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд оид ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 “Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар ин ноҳия шунида шуд. Тавре зикр гардид, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дорои 30 ҳазору 500 гектар замини кишоварзии обӣ аст. Қисмате аз ин заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд. Дар доираи тадбирҳои мазкур дар солҳои 2010-2013 вазъи мелиоративии 1170 гектари ин заминҳо беҳтар карда шудааст.
Сипас масъалаи омодагӣ ба зимистони оянда баррасӣ шуда, Нақшаи чорабиниҳо доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бояд пайваста таҳти назорат қарор дода шуда, ҳар моҳ як маротиба муфассал баррасӣ шавад. Таъкид гардид, ки ангишт, мазут ва дигар анвои сӯзишворӣ сари вақт ва ба қадри кофӣ захира карда шавад ва барои омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва ғайра чораҳои муассир андешида шаванд.
Хулосаи Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳам хулосаи дигари Ҳукумат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, кумак расондан ба аҳолии осебдида ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.2014    №: 82    Мутолиа карданд: 1629
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед