номаҳо
РЕШАҲОИ ҲАЁТБАХШ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд: «Ҳар касе, ки шаъну шараф, ору номус дорад, барои эҳёи ёдгориҳои таърихии миллатамон кӯшиш мекунад ва дар ин замина барои наслҳои имрӯзаву ояндаи давлати миллӣ шароит фароҳам меорад».
Шоистаи таҳсин аст, ки аз ин суханҳои пандомези Сарвари кишварамон илҳом гирифта соҳибкорони баору номус ва фарҳангдӯсти шаҳри Исфара барои таъмиру тармими баъзе мақбараҳо камари ҳиммат бастаанд.
Албатта, якбора таъмиру тармим намудани ҳамаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мавҷуда ғайриимкон аст. Лек дар муқоиса аз назари моҳияту муҳимияти эҷодиёташон, ҳаёташон мадфангоҳҳои баъзеи онҳоро таъмиру тармим намудан зарур мебошад.
Адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ С. Султонов дар натиҷаи омӯзиш зиёда аз 70 мазорро дар Исфара муайян намуда, онҳоро расман ба қайд гирифтааст. Ӯ нишон додаст, ки дар маҳаллаи Гузари Эшон қабри Мавлоно Бобокалон ҷойгир мебошад. Ин марди бузург муаллифи китоби «Риёз - ул - мазкурин» буда, соли 1107 милодӣ фавтида, дар санги болои оромгоҳаш навиштаҷоти «Мавлоно Бобокалон нурун марқадуҳу» (Мавлоно Бобокалон марқадаш пурнур бод) сабт гардидааст.
Ин ақидаи хосаро бархе аз соҳибкорон, ватандӯстон амалан дастгирӣ намуда истодаанд, ки ба роҳбарияти шаҳр низ писанд омадаст.
Нафақагир Муҳаммадҷон Сӯфиев ва фарзандону пайвандони эшон – Носирҷон, Суҳробҷон, Солеҳбой, Зафарҷон ва Соҳибҷон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара яке аз мақбараҳои машҳурро, ки он ҷо Саид Ҷалон (Саиди Сарбараҳна) ва бародарашон Саид Ҷамол (Саиди Побараҳна) мадфунанд, аз таъмир ва тармим бароварданду дуои неки мардумро гирифтанд.
Ҳоло зарурат пеш омадааст, ки қабри Мавлоно Бобокалон таъмиру тармим карда шавад. Маблағгузории онро якчанд соҳибкор ба уҳда гирифтаанд. Аз ин лиҳоз мо умедворем, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар амалигардонии ин нияти хайр моро дастгирӣ менамоянд.
Ҷойи мадфангоҳ бошад, ба ақидаи сармеъмори шаҳр А. Фаттоев барои бунёди дилхоҳ мақбара мувофиқ аст.
Раҳматбой Қодиров, шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.05.2014 №: 83-84 Мутолиа карданд: 1677