номаҳо
БА ДОДИ МАН БИРАСЕД!
Ман дар маҳаллаи «Нонвойи Поён», № 90- и шаҳри Кӯлоб ҳаёт ба сар мебарам. Хонаи истиқоматиам дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Барои таъмир дастам кӯтоҳ аст. Шавҳар ва ду писари баркамолам аз олам гузаштаанд.
Муроҷиатҳои хаттиам ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суде набахшиданд. Ба раиси вилояти Хатлон номаи имдод навиштам. Аз вилоят иҷрои онро ба раиси шаҳри Кӯлоб вогузоштанд. Соли 2009 Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори вақти шаҳр, ҳолати хонаро омӯхта, чунин хулоса кард: «Хонаи истиқоматии шаҳрванд Майрамбӣ Назриеваро таъмир кардан лозим меояд. Маблағи хароҷот 3925 сомонӣ мешавад. Таъмири хона ба ягон ташкилоти башардӯст вобаста карда шавад».
Ҳар касе ба манзили ман ояд, мутаассир мегардад. Деворҳои хароб, ҳуҷраҳои садамавӣ дили касро хун месозад. Вале, мутаассифона, дар Кӯлоб соҳибкори дасткушоде ёфт нашуд, ки иқоматгоҳи ман - модари зорро каме ба ифоқа орад.
Майрамбӣ Назриева,
сокини маҳаллаи «Нонвойи Поён»-и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.05.2014 №: 83-84 Мутолиа карданд: 1494