номаҳо
ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁН МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ?!
Баъзе ҳамсолонам муҳоҷиратро ягона воситаи рӯзгузаронӣ мешуморанд. Мутаассифам, ки онҳо танҳо ба ояндаи наздик назар меафкананду ҳарчи барвақт ба муҳоҷират рафтану зиёдтар маблағ ба даст оварданро ҳадафи зиндагии худ қарор медиҳанд.
Иддае аз ҷавонон дар паси мизи мактабӣ бидуни андешаи он, ки дониши амиқ омӯзанду пешаеро интихоб намоянд, бо фикри мактабро тезтар хатм кардану ба муҳоҷират рафтан менишинанд. Чунки дар мағзи онҳо андешаи нобоварӣ бобати он, ки дар дохили кишвар вазъи маишии зиндагияшонро хуб ба роҳ монда метавонанд ё на, хеле зиёд аст. Фикр мекунам, оне, ки дониш, кӯшиш ва аз ҳама муҳим хоҳиш дорад, дар ҳар гӯшаю канори кишвар метавонад зиндагии шоистаро ба роҳ монад. Бо вуҷуди ин ҳама дастгириҳо қисми зиёди ҷавонон ба пораи нони бо меҳр пухтаи модаронашон носипосӣ карда, ҳавои зиндагии шоистаю шоҳона ба сар рӯ ба муҳоҷират меоранд.
Хусусан ба муҳоҷират рӯ овардани хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё донишҷӯёни макотиби олӣ нишони кӯтоҳандешӣ аст. Бештари онҳо баҳорон дар мавсими кишту кор ба муҳоҷират мераванду баробари фарорасии фасли сармо чун парандагони гармидӯст ба Ватан бармегарданд ва то оғози кишту кор бекор менишинанд. Фикр мекунам, онҳо агар ба ҷои меҳнати сангини ҷисмоние, ки дар кишвари ғайр мекунанд, баҳри ободии диёри худ камар банданд, мушкили фурӯпошии оилаҳои ҷавон ва ҳам раҳинтизориҳои модарон камтар мегардад.
Фарзонаи МУРОД, Донишҷӯ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.05.2014 №: 83-84 Мутолиа карданд: 1505