logo

маориф

ДОВТАЛАБЕ, КИ БАҲОЯШ 5/5 ШУД

Дар мактаби байналмилалии президентии ноҳияи Бохтар даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ миёни хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, литсей, гимназия ва мактабҳои президентӣ доир гардид.
Саноат Шокирзода, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ ва ғолиби ҷойи сеюми олимпиадаи даври вилоятӣ дар даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо маҳорати тафсири ашъори классикон ва бехато навиштани иншо ва истифодаи калимаву ибораҳои сабки тасаввуфӣ барандаи ҷойи аввал шуд.

Дар ин озмун 226 нафар хонанда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисиву русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих донишу маҳорати худро санҷиданд.
Дар маросими ифтитоҳи олимпиада вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илм Тоҷинисо Маҳмадова, масъулон Абдуҷаббор Алиев, Шокир Гадоев, сардорони раёсат ва мудирони маорифи шаҳру вилоятҳо, омӯзгорон ва падару модарон ширкат варзиданд.
Нуриддин Саид дар маросими шурӯи олимпиада изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории озмунҳои фаннӣ дарёфти истеъдодҳо, тарбия ва раҳнамоии онҳост ва дар баробари пешниҳоди истеъдодҳо натиҷаи фаъолияти омӯзгоронро низ ошкор месозад.
Сипас, хонандагон бо низомнома ва шартҳои олимпиада шинос гардида, аз рӯйи фанҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуданд.
Ҳамасола рафти озмун аз ҷониби гурӯҳи нозирони таъсиснамудаи вазорат ё омӯзгорон назорат мегардид. Имсол назорат ба дӯши донишҷӯёни донишгоҳҳо вогузор гардид, яъне ҳайати ҳакамонро касе намешинохт, на масъулин, на омӯзгорон, на волидайн ва на хонандагон. Ин иқдом ба хотири таъмини шаффофият ва риоя гардидани талаботи низомнома аз ҷониби довталабон буд. Доварон корҳои хаттиро дар ҳузури довталабон санҷида, баҳо гузоштанд.
Чун натиҷаи санҷиши иншои хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба охир расид, раиси ҳакамон Шарифмурод Исрофилниё зикр сохт, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ хонандагони мактабҳо нисбат ба хонандагони литсейю гимназияҳо фаъолтар ба назар мерасанд.
-Имсол як нафар хонанда аз ноҳияи Мастчоҳ иншои ҷолиб навишт. Ин довталаб Саноат Шокирзода калимаву истилоҳ ва мафҳумҳоеро истифода кардааст, ки ҳунари корбарии онҳоро танҳо дар аҳли тасаввуф дидан мумкин аст, - иброз дошт Шарифмурод Исрофилниё.
Дар ҳақиқат, ин довталаб на танҳо дар иншонависӣ, инчунин, дар қироату тафсири шеър ҳам ба истилоҳ ҳамаро қоил кард. Ӯ ягона довталабест, ки аз иншо баҳои 5/5 гирифт.
Бо вуҷуди ин ҳама, ба хотири бовар ҳосил намудан, бо супориши бевоситаи вазири маориф ва илм Саноат дубора мавриди имтиҳони устодон қарор гирифт. Ӯ ба саволҳои устодон бе мушкилӣ посух доду байтҳои пешниҳоднамудаи онҳоро аз ашъори шоирони классику муосир ба осонӣ тафсир кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки Саноат дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гардида буд. Воқеан, мисли ӯ кам набуданд нафароне, ки бе ишғоли ҷои сазовор (дар даври сеюм) дар озмуни ҷумҳуриявӣ пирӯз шуданд. Ин ҳолат аз чӣ бозгӯ мекунад? Беэътиноӣ? Беадолатӣ? Ва ё чизи дигар…?
Даъвогарони асосӣ бештар аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони англисӣ буданд. Тавре мушоҳида кардем, аз довталабон дида омӯзгорони онҳо бештар муддаӣ буданд. Ончунон ки ҳакамон бо худи омӯзгорон суолу ҷавоб мекарданд. Бо вуҷуди талошу кӯшишҳо, ҳатто даъвоҳои зиёд, касе наметавонист ба ҳадаф бирасад ё баҳои худро тағйир бидиҳад, зеро баҳои гузоштаи ҳайати ҳакамон воқеӣ ва шаффофият таъмин гардида буд.
Озмун ҷамъбаст гардид. Вазири маориф ва илм ба ғолибон мутаносибан медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмунро тақдим намуд.
Нуриддин Саид ба масъулон дастур дод, ки ба ҳамаи иштирокдорон Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, ба омӯзгороне, ки барои омода намудани хонандагон заҳмат кашидаанд, Ифтихорнома ва нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шавад. Ҳамчунин, зикр шуд, ки иштирокдороне, ки соҳиби ҷой нагардиданд, метавонанд дар олимпиадаҳои даставию номӣ ширкат варзанд.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 3392
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед