logo

илм

ПЕШОҲАНГИ САБКИ НАВИ ҶАРРОҲӢ

Тибби тоҷик дар миёни ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҷойгоҳи хоса дошт. Чунин мақому маъруфият тавассути заҳмати пурсамари абардмардони ин риштаи илм ба даст омадааст. Докторони илми тиб  К. Тоҷиев, М. Бобохоҷаев, З. Хоҷаев, Е.Соркина, Ю. Додхоев, Е. Лакшина, Б. Жуков, Юсуфҷон Исҳоқӣ ва чанде дигарон бо бозёфтҳои бузурги илмӣ ва  идомаи неки фаъолияташон дар ҷодаи илм шогирдони зиёдеро тарбия ва ба самти илмомӯзӣ раҳнамоӣ намудаанд. Искандар Сулаймонов аз зумраи онҳост, ки то вопасин нафас дар хизмати мардум ва ватани азизаш буд.
Ӯ соли 1935 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омад. Падарашро дар ин минтақа ҳама чун табиби шикастабанд мешинохтанду эҳтиром менамуданд. Шикастабандӣ пешаи сулолавиашон буд. Меҳру муҳаббат ва завқи ба ҷодаи илми тиб ворид шудани Искандар ҳам дар ҷавонӣ ҳамин ҳунари аҷдодӣ гашт. Соли 1952 донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гардид. Солҳои донишҷӯӣ бо мақсади таҷрибаи бештар андӯхтан рӯз мехонду шаб дар бемористонҳои шаҳри Душанбе аз пизишкони соҳибтаҷриба кор меомӯхт. Соли 1958 донишгоҳро бомуваффақият хатм кард ва ба кор ба ноҳияи Ғарм омад. Ду сол дар бахши ҷарроҳии бемористони ноҳия ифои вазифа намуд. Соли 1960 ба ординатураи кафедраи ортопедия (шикастабандӣ), ки сарвараш профессор Елезавета Лакшина буд, пазируфта шуд.  Бинобар камбуди мутахассисони бемориҳои сили ғайришуш дар Тоҷикистон Искандар Сулаймоновро барои идомаи таҳсил дар аспирантура ба шаҳри Санкт - Петербург фиристоданд. Ӯ аспирантураро бому-ваффақият хатм намуд ва рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Дар ҳамин шаҳр духтареро дӯст дошт ва оиладор шуда, чанд сол кору зиндагиашро идома дод. Дар Русия таҷрибааш бештар гардид ва барои роҳандозии нақшаҳои илмиаш дар ин ҷо шароити хуб муҳайё буд. Ҳарчанд дар ин ҷо фаъолияти илмиаш равнақ меёфт, аммо ҳушу ёдаш банди Ватан буд ва ҳам хуб медонист, ки дар Тоҷикистон ба хизмати ӯ бештар ниёз доранд. Билохира, нангу номуси ватандорӣ боло гирифту духтури ҷавон ба Ватан баргашт. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бо ибтикор, кӯшишу талошҳои зиёди ӯ ва кумаку ҷонибдории роҳбарони вақти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Роҳатии ноҳияи Орҷоникидзеобод (имрӯза шаҳри Ваҳдат) бемористони муолиҷавии ҷумҳуриявии № 1 оид ба табобати бемориҳои сили ғайришуш таъсис ёфт. Шуъбаҳои он бо дастгоҳу асбобҳои замонавии техникии тиббӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Сипас Искандар Сулаймонов дар атрофи хеш мутахассисони соҳибтаҷрибаро ҷамъ овард. Масъулият ва доираи фаъолияташ бештар шуд, ҳам беморонро муолиҷа менамуд ва ҳам ба ҳамкорон таҷриба меомӯхт. Бемористон дар миқёси ҷумҳурӣ дар муолиҷаи бемориҳои сили ғайришуш мавқеи хоса пайдо кард. Акнун муолиҷаи ин гуна дардҳоро на дар хориҷи ҷумҳурӣ – Русия ва Украина, балки дар Тоҷикистон анҷом медоданд. Шуҳрати бемористон он қадар боло рафт, ки беморон аз дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба ин ҷо омада, ба дарди худ дармон меёфтанд. Ҳамзамон бо ташаббуси И. Сулаймонов дар назди бемористон курсҳои омӯзишӣ - таълимӣ созмон дода шуд ва ба он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пизишкони ҷарроҳ ҷиҳати такмили ихтисос даъват мегардиданд. Камбуди ҷарроҳони сили ғайришуш дар Тоҷикистон бартараф мешуд ва амалиётҳои ҷарроҳиро мутахассисони таҷрибаандӯхта дар шаҳру ноҳияҳо иҷро мекарданд. Дар ҳолатҳои зарурӣ Искандар Сулаймоновро ҷиҳати кумак ба анҷоми амали ҷарроҳӣ ба минтақаҳо даъват менамуданд.
Ӯ нахустин ҷарроҳе буд, ки бо истифода аз дастгоҳи ултрасадо дар соҳаи тиб амали ҷарроҳиро роҳандозӣ кард. Бартарии ин гуна амалиёт дар он буд, ки хунравии захми бемор ба маротиб кам мешуд. Дастгоҳ устухонҳои пӯсида ва шикастаро кафшеру пайванд мекард. Ҳангоми иҷрои амали мазкур аз сиреш (часб) истифода мегардид. Духтури зиндаёд ҳамеша саъй менамуд, ки беморонро аз вартаи маъюбӣ наҷот диҳад ва дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намояд. Илму амалро бо ҳам омезиш дода, дар рушди соҳаи тиб дар Ватан саҳмгузор бошад.
Хислатҳои наҷиб, аз ҷумла кордониву эҷодкорӣ ва ободгарии И.Сулаймоновро ба назар гирифта, ӯро чанд даъват депутати ноҳиявӣ интихоб намуданд. Заҳматҳои кашидааш дар соҳаи тиб бо мукофотҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  қадр шудааст.
Таҳти роҳбарии Елена Соркина ва Елезавета Лакшина рисолаи докториро омода намуд, вале фурсат барояш даст надод, ки онро дифоъ кунад. 
Алҳол панҷ сол мешавад, ки шодравон И.Сулаймонов дар миёни мо нест. Ёди устоди зинданом ҳамеша дар дилу дидаҳои ҳамкорон, шогирдон ва беморони бо кумаки ӯ шифоёфта аст.
Рӯҳаш шод бод!

Маҳмадназар МАҲМАДРАҲИМОВ
ва гурӯҳе аз ҳамкасбону шогирдон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 1726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед