мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОДИЛ АБДУЛЛОҲ АЛ-ФАЛЛОҲ
5 май, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири авқофи Давлати Кувайт, раиси Маркази ҷаҳонии «Васатия» Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт ва ҳамгироии кишварҳои мусулмонӣ баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки “ёрии моддӣ ва молиявӣ ба мақсади таъмини пешрафти кишварҳои мусулмонии ақибмонда, андешидани чораҳои мушаххас барои аз байн бурдани фарқият миёни кишварҳои сарватманд ва фақир ба манфиати кулли Уммат аст”.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою иртиҷоӣ, ки аз номи поки дини мубини ислом ба манфиати худ сӯйиистифода мекунанд, сурат гирифт.
Зикр гардид, ки Маркази ҷаҳонии «Васатия» чун созмони миёнарав дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва тарғиби оини таҳаммулпазирӣ дар ҷаҳони ислом мавқеи устувору муассир дорад.
Ба гуфти Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, Давлати Кувайт омода аст, ки намояндагии Маркази ҷаҳонии «Васатия»-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, мутахассисони тоҷикро барои кор дар ин самт омода созад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.05.2014 №: 85 Мутолиа карданд: 1362