logo

маориф

МАОРИФ - ОМИЛИ АМНИЯТ

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар маҳсуб гардида, муайянкунандаи самти рушди иқтисодӣ ва иҷтимою сиёсии кишвар, назари сиёсии Сарвари давлат ба дастовардҳои як соли гузаштаву воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва вазифагузорӣ барои фаъолияти миёнамуҳлати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Аз ҷумла, вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта, ки қайд намуда буданд, «мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем» дар соҳаи маориф ҷиҳати фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, сохтмону афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба таври ҷиддӣ беҳтар кардани заминаҳои моддиву техникӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба роҳ мондани тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ бо назардошти эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ тадбирҳо андешида шуд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат илму маориф яке аз “самтҳои калидӣ”, иқтисоди миллӣ ва мактабу маориф “омили муҳимтарини амнияти миллӣ” номида шудааст.
Президенти кишвар ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа баҳои баланд дода, ба ҳамаи ниҳоди ҳукуматӣ супориш доданд, иҷрои бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар мавриди мақоми омӯзгор ва имтиёзҳои барои омӯзгор муайяншударо таъмин созанд.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи иқтисоди миллӣ таъкид шуд, ки барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои Ҳукумати Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Мо - маорифчиён аз эътиқоду пуштибонии Сарвари давлат аз соҳаи маориф ва омӯзгор ифтихор намуда, барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар тамоми чораҳоро меандешем. Ба андешаи мо, иҷрои саривақтии ин дастуру ҳидоятҳо, ки дар Паём дарҷ гардидаанд, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан тавассути рушди илму маориф, рушди саноату энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ имконият медиҳад.
Фатҳиддин ИСМОНОВ,
муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2014    №: 86    Мутолиа карданд: 1435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед