logo

маориф

ИЛМУ МАОРИФ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТ

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илмҳои филологӣ, профессор

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари бисёре аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, аз қабили 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар, таҳияи стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва бар пояи он «тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу саноатӣ табдил додани кишвар», рушди боғу токпарварӣ ва ғайра ба масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди илму маориф, ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, пешрафти соҳаҳои фарҳанг ва як силсила масъалаҳои дигари сиёсати дохиливу хориҷии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Нахуст аз ҳама Президенти кишвар «соҳаи илму маориф»-ро дар оянда «яке аз самтҳои калидӣ» дар сиёсати иҷтимоии кишвар шуморида, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва кори омӯзгоронро дар партави қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки дар он боби алоҳидае ба омӯзгорон бахшида шудааст, хеле муҳим арзёбӣ карда, мактабу маорифро ҳамчун «омили муҳимтарини амнияти миллӣ» қаламдод кард. Ӯ хотирнишон намуд, ки «омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд». Дар маҷмӯъ дар ҳафт соли оянда барои беҳтар кардани соҳаи илму маориф ва таъмини рушди маориф 27 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад, ки аз таваҷҷуҳи беандозаи давлат ба рушди илму маориф ва беҳтар кардани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дарак медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари маориф ва фарҳанг густариши илмро «самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ» ҳисобида изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илм ва таъмини фаъолияти самарабахши муассисаҳои илмӣ ҳамаи чораҳои заруриро меандешад. Ӯ муассисаҳои илмиро вазифадор намуд, ки «дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат–таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши фаъолона дошта бошанд».
Дар бахши таҳқиқоти забоншиносӣ ва татбиқи сиёсати забонии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти кишвар изҳор дошт, ки «Вазифаи муҳими олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол ... поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ... мебошад».
Забони тоҷикӣ имрӯз ҳамчун забони давлатӣ бар пояи забони расмии коргузорӣ, забони матбуот, забони қонунгузорӣ, забони мақомоти амниятӣ қарор дошта, ба забони муоширати байни халқу миллатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (31 октябри соли 2009) як давраи муайяни густариши забони тоҷикӣ, ки аз қабули Қонуни забон 22-июли соли 1989 оғоз шуда буд, анҷом ёфт. Бо дар амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои гуногуни густариши забони давлатӣ тибқи меъёрбандӣ ва нақшаи муайян татбиқ шуда, аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳот танзиму назорат мешавад.
Қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва дар асоси он нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» аз фаъолияти самарабахши Кумитаи забон ва истилоҳот дарак медиҳад. Албатта, фаъолияти ин кумитаи навбунёд дар солҳои оянда бештару беҳтар хоҳад шуд. Вале аз ҳоло як силсила проблемаҳо домангири фаъолияти он гардидааст.
Пеш аз ҳама нарасидани кадрҳои баландихтисоси бахши забоншиносӣ эҳсос мегардад. Кумита аз 17 нафар корманд ва асосан шуъбаҳои танзими истилоҳот ва ташкиливу ҳуқуқӣ ва бахши экспертизаи забоншиносӣ иборат аст. Аз ин шумора як нафар доктори илми филология ва 7 нафар унвонҷӯй мебошанд. Биноан, пеш аз ҳама таҳкиму тақвияти кадрии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми вазоратро дорад, яке аз вазифаҳои муҳим дар солҳои оянда мегардад. Аз тарафи дигар дар назди ин кумита ташкил кардани марказҳои гуногуни пажӯҳиши забоншиносӣ хеле муҳим аст. Аксари фарҳангу луғатномаҳо, ки барои баррасӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод мешаванд, аз тарафи Шӯрои ҳамгунсозӣ, бахши илмҳои забоншиносӣ дар асоси фаъолияти ҷамъиятӣ баррасӣ мешаванд. Биноан, дар назди кумита таъсис додани маркази таҳия ва ташхиси фарҳангҳои истилоҳӣ ва бо маблағи муайяни ҳам буҷавӣ ва ҳам шартномавӣ таъмин кардани он мувофиқи мақсад аст. Масъалаҳои забоншиносии иҷтимоӣ, муносибати мутақобилаи забон ва ҷомеа, таъсири омилҳои ғайрилингвистӣ ба забони давлатӣ яке аз проблемаҳоест, ки пажӯҳиши амиқи илмиро талаб дорад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонигароӣ омилҳои таъсирпазирии забонҳои пурқудрати ҷаҳон боиси танг ва маҳдуд гардидани мавқеи забонҳои давлатӣ мегардад. Бинобар ин, зарурати таъсиси маркази пажӯҳишии дигаре бо номи шартии «Бахши забон ва ҷомеа» ба миён меояд. Дар ин бахш ҳамчунин таҳқиқи масъалаҳои муносибати забони давлатӣ бо забонҳои дигар, пажӯҳиши мавқеи иҷтимоии забонҳои миллату халқиятҳои дигари сокинони ҷумҳурӣ ва таъсири забони давлатӣ ба онҳо бояд ба таври илмӣ ба роҳ монда шавад.
«Эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ» яке аз масъалаҳои дигари дардолуди забони давлатии мост. Албатта, тайи солҳои охир бар асари татбиқи барномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва махсусан фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар ин самт барои низоми таҳсилоти умумӣ ва олӣ чандин китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ чоп ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки ба ноҳамгунӣ ва бенизомӣ дар бахши истифодаи истилоҳоти илмӣ нигоҳ накарда, густариши истифодаи истилоҳот ва сабку услуби забони илмро таъмин намояд. Вале имрӯз бо тағйироти ҷиддӣ дар таҳияи корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия забони илмии тоҷикӣ, ки акнун дар Тоҷикистон реша гирифта истодааст, ба ҳоли ногувор ва пурхатаре гирифтор шудааст. Аз аввали соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия таҳия ва ҳимояи рисолаҳои илмии ҳам номзадӣ ва ҳам докториро ба забони русӣ эълон намуд. Акнун тамоми унвонҷӯёни Тоҷикистон - ҳам хориҷиву ҳам дохилӣ маҷбуранд, ки рисолаву корҳои худро барои гирифтани унвонҳои илмии номзади илм ва доктори илм ба забони русӣ таҳия намоянд. Имрӯз бо ҳамин иллат бозори тарҷумонҳои ҳам боистеъдод ва ҳам камистеъдоди забони русӣ хеле тафсон шудааст ва қимати тарҷума ҳам ба маротиб боло рафтааст. Вазъ то андоза мураккаб шуда, ки баъзе мутахассисони соҳаҳои забону адабиёт ва дигар бахшҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ, ки дар ин бахшҳо бештар навиштани рисолаҳои илмӣ ба забони миллӣ, яъне тоҷикӣ (барои миллатҳои дигар ба забонҳои худашон) иҷозат буд, маҷбур шуда истодаанд, ки аз навиштани корҳои илмӣ даст кашанд.
Биноан, замоне фаро расидааст, ки идораҳои дахлдори кишвар масъалаи фаъолсозии Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистонро ҳарчи зудтар баррасӣ намоянд ва ба таври бетаъхир дар Тоҷикистон барои фаъолияти ҳам Шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва ҳам рисолаҳои номзадӣ дар он риштаҳое, ки имконияти таъсиси чунин шӯроҳо вуҷуд дорад, чораву тадбирҳо андешанд. Ба таври мусбат ва ҳар чи зудтар таъсис додани Шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар Тоҷикистон раванди ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикиро метезонад.
Аз тарафи дигар «эҷоду эҳёи забони илми тоҷикӣ» ба пажӯҳишҳои бунёдии забоншиносӣ ва дар сатҳи илмӣ муайян кардани дурнамо ва самтҳои густариши забони давлатӣ сахт алоқамандӣ дорад. Бояд гуфт, ки дар ин самт тайи чанд соли охир натанҳо пешравӣ дида намешавад, балки гузоштани монеаҳои сунъӣ низ эҳсос мегардад. Дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир барҳам хӯрдани Лоиҳаи таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», ба маҷаллаи умумии филологӣ табдил додани маҷаллаи илмии «Забоншиносӣ», қатъ шудани фаъолияти Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ шоҳиди ин гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки ҳам таъсиси маҷаллаи «Забоншиносӣ» ва ҳам таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» бо супоришу пешниҳоди бевоситаи Сарвари давлат сурат гирифта буданд.
Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии назди ин институт яке аз собиқадортарин ва пуртаҷрибатарин шӯроҳои ҳимояи рисолаҳо дар Тоҷикистон буд. Тайи чор соли охири фаъолияти ин шӯро то соли 2012 дар он 60 нафар унвонҷӯён рисолаҳои худро ҳимоя намуданд ва ҷои ифтихор аст, ки то имрӯз ҳамаи онҳо дипломҳои худро гирифтанд ва ҳуҷҷатҳои як нафар ҳам пас нагаштааст. Аз Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ҳам ягон эроди ҷиддие оид ба фаъолияти ин шӯро гирифта нашуда буд. Вале бо пешниҳоди роҳбари институт ва пуштибонии раиси собиқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии институт аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия қатъ гардид. Паёварди ин амали ношоиста сарсону саргардон гардидани садҳо нафар аспирантону унвонҷӯёни собиқ ду институти Академияи илмҳои кишвар - Институти забон ва адабиёт ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар солҳои охир ва зарбаи ҷонкоҳ ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ гардид.
Имрӯз пажӯҳишҳои забоншиносӣ дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳо (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) ва кафедраҳои забони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳарчанд дар кафедраҳои тахассусии забони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар солҳои охир бо ҷидду ҷаҳди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва сарварони муассисаҳои илмӣ тадқиқотҳои бунёдии илмӣ ба таври қобили мулоҳиза сурат гирифта, китобҳои зиёде таълиф мешаванд, фаъолияти онҳо бештар хусусияти таълимиву илмӣ дорад ва ҳамзамон бо раванди таълим ба таври пурсамар ба роҳ мондани пажӯҳишҳои бунёдии забоншиносӣ душвортар мебошад. Бинобар ин, дар ҷумҳурӣ зарурати таъсиси як муассисаи илмии пажӯҳишҳои забоншиносӣ ба миён омадааст. Ин муассисаи илмӣ бояд на танҳо масъалаҳои мубрами густариши забони давлатӣ, балки бисёре аз паҳлуҳои гуногуни забоншиносии умумӣ, муносибати забонҳо, таъсири равандҳои илмиву техникии ҷаҳони муосир ба илми забоншиносӣ ва ғайраро мавриди баррасиҳои амиқи илмӣ қарор диҳад.
Забон сарвати соҳибони забон аст. Соҳибзабонон ва махсусан аҳли зиёи кишвар бояд бо ҳифзи нигаҳдории асолати забони худ онро ба ояндагон ба мерос гузоранд. Биноан, дар Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд гардидааст, ки барои ташаккули «Низоми нави рушди соҳаи фарҳанг» ва иҷрои ин «рисолати муҳими миллӣ» нақши аҳли зиё хеле муҳим аст. На танҳо низоми нави рушди соҳаи фарҳанг, балки ба вуҷуд овардану пайрезӣ намудани кохи бузурги фарҳангу тамаддуни давраи навини рушди миллати тоҷик, ки аз оғози даврони истиқлол реша мегирад, бар уҳдаи равшанфикрони тоҷик масъулияту рисолати таърихӣ мегузорад. Тавре дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Иҷрои ин рисолати муҳими миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё низ мебошад. Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2014    №: 86    Мутолиа карданд: 1938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед