logo

мулоқотҳо

ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН БА РУШДИ ҲАМКОРИҲО ҲАВАСМАНДАНД

Рӯзи 7 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суҷатҳа Сингҳ,  котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шудааст.
Суҷатҳа Сингҳ баъд аз дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлат дар ҷамъи хабарнигорон аз таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба истиқбол кард. Вай паёми самимии Президент ва Сарвазири кишварашро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, гуфт, ки Ҳиндустон омода аст, минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳмгузор бошад.
Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқоташ бо Президенти мамлакатро судманду заминасози таҳкими ҳамкориҳои минбаъда унвон кард. Бино ба гуфтаи ӯ, дар суҳбат оид ба тавсеаи равобити таърихӣ байни ду кишвар, татбиқи босамари санадҳои ҳамкорие, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун тасвиб шудаанд, табодули назар сурат гирифтааст.
Суҷатҳа Сингҳ ҳамчунин иброз дошт, ки масоили вобаста ба пойдории сулҳу ҳамгироӣ дар минтақа дар меҳвари гуфтугӯи мо бо ҷаноби Президент қарор дошт.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2014    №: 87    Мутолиа карданд: 1338
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед