мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, АРМАНИСТОН, БЕЛАРУС, РУСИЯ ВА ҚИРҒИЗИСТОН
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон вориди шаҳри Маскав шуд.
Сарони давлатҳо дар Маркази миллии идораи мудофиаи Русия ҷараёни машқҳои низомии қӯшунҳои ҳарбии гуногуни давлати Русияро аз минтақаҳои мухталифи ин кишвар тавассути мониторҳо тамошо намуданд.
Дар мулоқот доир ба масоили умдаи вобаста ба авзои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯй сурат гирифт. Аз вазъи номатлуби кунунӣ дар Украина ва ҳамчунин Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.
“Мо ҷонибдори онем, ки буҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез ва тавассути гуфтугӯю муколамаи созанда ҳалли худро ёбад”, - изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳамгироӣ доир ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки нақшаҳои қаблан мувофиқашуда доир ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бояд дар амал татбиқ шаванд.
Табодули назар ҳамчунин доир ба бисёр масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.05.2014 №: 89 Мутолиа карданд: 1344