маориф
ДАХЛИ БЕҶО НАДИҲАД ҒАЙРИ ХИҶОЛАТ АСАРЕ
Банда дар қадами аввал ба адиб Равшани Ёрмуҳаммад изҳори ташаккур мекунам, ки оид ба китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-и синфи Х фикру мулоҳизаҳояшро иброз доштааст. Дар мақола адиб асосан, «нуқсону камбудиҳо»-и китобро ба фаҳмиши худаш ошкор сохтааст. Дар ҳар сурат хуб ва қобили дастгирист, ки чунин андешаҳо иброз мегарданд. Назару андешаҳои дурусту босалоҳият муаллифону мураттибони барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва маводи дидактикиро ба фикр кардан водор месозанд, баъзе ғалатҳо ислоҳ мешаванд. Ин андешаҳои Равшани Ёрмуҳаммад боис гашт, ки баъзе пораҳои назмию насриро бори дигар таҷдиди назар кунем ва ғалатҳои имлоиро бигирем. То андозае барои беҳтар гаштани сифати китоб мулоҳизаҳои хонанда мусоидат карданд ва мекунанд.
Вале, бо муайян ва ошкор кардани чанд ғалати имлоии дар китоб буда хулоса баровардану ба китоб баҳои воқеӣ додан ғайриимкон аст. Комилан дуруст аст, аслан дар китобҳои дарсӣ ғалати имлоӣ ҳам набояд роҳ ёбад, вале, мутаассифона, ин китобҳо беғалат нестанд. Ва ин ғалатҳо чандин омил доранд: баъзе пораҳои мансуру манзуми дар китобҳо ҷойдодашуда аз нусхаҳои асл ғалат баргардон шудаанд; қисме аз назари муаллифу муҳаррирон гузаштаанд; бештарашон бо сабабҳои техникӣ рух додаанд. Чунин ҳодиса водор месозад, ки минбаъд ноширон варақаи тасҳеҳ ё ғалатгирро баъди нашр таҳия ва дар саҳифаи охири китобҳо замима намоянд, то ки калимаҳо дар шакли дуруст пешкаши хонандагон гардад.
Мо, муаллифону мураттибон, аз муқарризон интизори онро дорем, ки маводи таълим, ба хусус китобҳои дарсиро аз нигоҳи мундариҷаи илмӣ, сохтору мазмун , ҷанбаҳои педагогӣ, дидактикӣ ва таълимию методӣ ва психологӣ баррасӣ карда, ҳусну қубҳи онҳоро нишон диҳанд. Мутаассифона, дар тӯли сию ду соли муаллифӣ чунин мақоларо во нахӯрдаам ва нахондаам.
Сониян, чанд нуктаро шарҳ диҳем, ки ҳам муқарриз ва ҳам хонандагон огаҳ гарданд, то ки ба асли мақсад сарфаҳм раванд. Дарк намоянд, ки чаро китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфи 10 дар чунин шакл таълиф шудааст.
Муқарриз ба матни аввали китоб, ки доир ба суду зиёни забон буда, ба Эзоп тааллуқ дорад, эрод мегирад ва иддао мекунад, ки аз асолати миллии хонандагон дур аст. Бо итминони комил таъкид медорам, ки дар бораи суду зиёни забон ягон адиби пешину муосир чунин матн наофаридааст. Як ҳикояи Муҳаммад Авфӣ ҳамин маъноро ифода мекунад, вале матлаб дар он бисёр одӣ қаламдод шудааст (нигаред, ба китоби «Забони тоҷикӣ»-и синфи 7, саҳ.4-5). Сониян, муқарриз ки аз барномаи таълими фанни адабиёти тоҷик дар синфҳои 5 - 11 бехабар мебошад, ба ташвиш афтодааст, ки ин матн порае аз драма мебошад. Ҳол он ки хонандагони мактабҳо аллакай дар синфи 6 бо драма ошно гашта, чандин драмаҳои Сафармуҳаммад Аюбиро мехонанд. Забони матн ягон душворие надорад, тарҷумааш бисёр табиӣ баромадааст. Гӯиё ки дар забони тоҷикӣ таълиф шуда бошад. Кори асосӣ дар муҳтавои матн сурат мегирад, на шарҳи ҳаёту эҷодиёти Эзопу шахсиятҳои дигар. Аз тарафи дигар, дар китобҳои дарсӣ мавқеъ доштани матни тарҷумавиро муаллиф хуб дарк мекунад ва онро ба ҳисоб гирифтааст. Дар ин китоб матни дигар, ки ба қалами Темур Зулфиқоров мансуб аст, низ тарҷума мебошад ва ба муҳтавояш таваҷҷуҳ кунед. Агар мазмуни матн нофаҳмо мебуд, хонандагони мактаб ва омӯзгорон дар тӯли 23 соли истифода мегуфтанду менавиштанд ва ин китоб барандаи Ҷоизаи Мавлоно Румӣ (1995) намегашт.
Эроди дувум он аст, ки муқарриз ба ҷойи ҳарфи ӣ , и - и дароз гуфтанро пешниҳод кардааст ва ӯ ба ҳисоб нагирифтааст, ки дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1998, № 355 тасдиқ кардааст, ҳарфи ӣ (и-и заданок) омадааст. Китоб пеш аз тасдиқу нашри Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба табъ расидааст. Дар имлои пешин ҳарфи «ӯ» гуфта буданд, дар имлои нав ҳарфи ӯ (у-и) дароз ном ниҳоданд. Воқеан, баъди қабули Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ (2011) мушкилоти навишти ҳарфи ӯ (у-и дароз) дучандон гашт. Вале, дар омӯзиши ӣ (и-и дароз) чандон мушкилот вуҷуд надорад, ба шарте ки дар таркиби калима, пасванд (суффикс), дар таркиби пасванд ва бандаки хабарию феълӣ будан ва ё набудани он дарк карда шавад.
Эроди сеюм он аст, ки гӯиё матнҳо душворанду қобили дарки хонандагони синфи 10 намебошанд. Ба ин фикр аслан розӣ шудан душвор ва ҳатто номумкин аст. Ин пораҳо аз ҳамон асарҳоеанд, ки хонандагон дар дарсҳои адабиёт омӯхтаанд.
Дар синфҳои 5 - 10 барои таълими фанни адабиёт ҳамагӣ 476 соат пешниҳод шудааст, ки аз ин 340 соат барои омӯзиши адабиёти пешин, 49 соат барои адабиёти муосир ва 75 соат барои корҳои амалию такрор мебошад. Пас, чӣ тавр хонандагон матнҳои китоби «Забони тоҷикӣ» -ро намефаҳмидаанд!
Китобҳои дарсӣ барои хонандагони сустхон ва ё китоб намехондагӣ таълиф намегардад, балки бар асоси стандартҳои фаннию барномаҳои таълим ва бо назардошти талаботу дархости ҷомеа таҳия ва таълиф мешаванд.
Муаллиф дар баробари пораҳои содатар матнҳоеро низ пешкаш кардааст, ки савияи баландро талаб менамояд: ин имкон медиҳад, ки бо хонандагони донишу фаҳмиши баланддошта корҳои инфиродиро ба роҳ монад: сониян, аз ин китоб ҳам хонандагони равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва ҳам табиию риёзӣ кор мегиранд. Табиист, ки ин нуктаро ҳам муаллиф ба ҳисоб гирифтааст. Омӯзгорон инро хуб дарк мекунанд.
Ҳадафи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ имрӯз танҳо аз омӯхтану фаро гирифтани таърифҳои грамматикӣ иборат набуда, балки омода кардани хонандагон ба ҳаёт низ мебошад, ки ин кор танҳо тавассути матнҳо амалӣ мегардад.
Сабаби ба матнҳои адабиёти адибони пешин ва осори С. Айнию С. Улуғзода муроҷиат кардан чанд чиз аст, ки онро меъёр ва ё, ба ифодаи дигар, талаботҳое оид ба интихоби матн меноманд. Матнҳои адибони муосир ағлаб ба ҳамон меъёрҳои интихоби матн мувофиқ намеоянд ва намунаи забономӯзӣ шуда наметавонанд.
Дар китоб матне вуҷуд надорад, ки ба ҳаёту зиндагии имрӯзаи хонандагон робита надошта бошад. Ба матни Аҳмади Дониш «Биное ва нобиное» эрод шудааст. Агар ду-се калимаро истисно кунем, дигар ҳама ба хонандагон фаҳмост. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки забони матн ҷолиб ва дар матни мазкур падидаҳои нозуки забониро хонандагон эҳсос мекунанд. Аз мазмуни матн моҳияти онро ба осонӣ дарк менамоянд: шахси ҳарису чашмгурусна ба балоҳое гирифтор мешавад, ки оқибат сабаби марги ӯ хоҳанд шуд. Вақти баҳо додан ба ин ё он матн супоришро ҳам ба инобат гирифтан шарт аст. Дар супориш омадааст: «Аз матн таъбирҳоро пайдо карда шарҳ диҳед ва гӯед, ки онҳо дар услуби гуфтугӯӣ ҳам истифода мешаванд? Аҳамияти таъбирҳо дар ин матн аз чӣ иборат аст?». Ин ҷо ҳадафи асосӣ муайян кардани таъбирҳо дар нутқи гуфтугӯист ва муқоиса бо замони имрӯз ва хулоса баровардани ҳар як хонанда. Табиист, ки услуби гуфтугӯӣ бо махсусиятҳояш ва бо фарогирии калимаҳои шевагӣ аз услуби бадеӣ фарқ мекунад. Ва матни аз «Тӯтинома» (матни 14, саҳ.12-13) – ро хулосааш ин аст: ту олихонадон ҳастӣ, дӯстдорандаи ту низ аз чунин хонадон бояд бошад; айбу ҳунари одамӣ аз забони ӯ маълум мешавад. Ҳамин тариқ, матнҳои аз Саъдии Шерозӣ, «Ҳакими Синдбод», «Саргузашти Ҳазрати Юсуф», «Сиёсатнома» ва монанди инҳо ҳатман дорои нуктаҳое мебошанд, ки ба ҳаёти имрӯза ва оянда робитаи қавӣ доранд. Ва бо истифода аз ин матнҳо омӯзгор даҳҳо усули корро метавонад ба роҳ монад.
Ҷойи дигар дар китоб ишора кардани қоидаҳоро таъкид менамояд. Қоида аз таъриф фарқ дорад. Қоидаи зиёде дар китоб ишора гардидааст, вале аз овардани таъриф худдорӣ шудааст ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Аввал ин ки, курси забони тоҷикӣ дар синфи 9 хотима меёбад, аз ин лиҳоз такроран овардани таърифҳои грамматикӣ ҳеҷ зарурате надорад; сониян, бар асоси таҳлили мисолҳо таърифро бояд хонандагон худ бигӯянд.
Аслан аксари омӯзгорон танҳо ба таълими грамматика машғуланд ва дар синф вазъияти забономӯзиро ба вуҷуд намеоваранд, ки нуқсони таълим ҳам дар ҳамин нуҳуфта мебошад. Ин аст, ки хонандагон тарзи баёни дурусти шифоҳӣ ва хаттиро фаро намегиранд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Раҳим Ҳошим мебошад, ки фармудааст: «Талабае, ки мактаби миёнаро тамом карда мебарояд, бояд саводи пурраи хаттӣ дошта бошад, бояд адабиёти ҳозир ва гузаштаи моро дуруст хонда, калимаҳоро дуруст талаффуз карда тавонад, қувваи тақрир ва таҳрири дуруст дошта бошад».
Хонандагон матнҳоро хонда, бар асоси супориш ҳадафро фаҳманд, падидаҳои забониро таҳлил карда, хулосаҳои дақиқи илмӣ бароранд, ба андешаи дар матн баёнгашта розӣ будан ва ё набуданашонро изҳор кунанд, баҳо диҳанд ва ғайраҳо. Ва ниҳоят фикрашонро ҳам дар шакли шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ дурусту босаводона баён созанд.
Ҷойи дигар чунин эрод шудааст: «Савол додаанд, ки ин матн ба кадом услуб тааллуқ дорад? Мисол аз романи С. Турсун «Се лаҳзаи баҳор» аст. Оё бача метавонад, ки бе душворӣ услуби ин матнро муайян кунад? Сипас вазифа мегузорад, ки ба он ном гузоред…».
Ҳар шахсе, ки ба китоби дарсӣ баҳо доданист, бояд муҳтавои стандарти фаннию барномаи таълим ва дигар маводи дидактикиро фаро бигирад. Аввалан, услубҳои забонро асосан аз синфи 5 то 9 хонандаи мактаб марҳала ба марҳала дар доираи нуктаҳои муқарраркардаи стандарти фаннӣ ва барномаи таълим меомӯзад. Ба хотири ин ки хонандагон ба кадом услуби забон тааллуқ доштани матнро муқаррар созанд, ҳамеша ишораҳо дар супоришҳои китоб омадан мегиранд. Дар муайян кардани масъалаи зикршуда бояд душворие барои хонандагон пеш наояд. Сониян, ин пораи аз асари Саттор Турсун пешниҳодшуда «мисол» не, балки матн (ё пораи насрӣ) мебошад. Ба матн новобаста ба ҳаҷм ном гузошта тавонистан ҳунар аст. Барои ном гузоштан номгузор бояд ба маънои матн пурра сарфаҳм равад. Ном гузошта тавонистан яке аз махсусиятҳои матнсозӣ буда, матннависро водор месозад, ки алоқамандии байни ҷумлаҳо ва сарсатрҳоро ба эътибор гирад.
Аз иддаои як нуктаи ноҷо бояд даст кашид: баъзеҳо бар он андешаанд, ки матнҳо ҳатман аз адибони бузург бояд интихоб шаванд. Вале эътироф бояд кард, навиштаи баъзе адибони ҷавон аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва забону тарзи баён хеле ҷолиб аст. Чаро аз асарҳои онҳо матн интхоб накунем? Ин ҷо бояд аз рӯи мақоли « Манигар ки кӣ мегӯяд, бишнав, ки чӣ мегӯяд» амал кард.
Саидамир АМИНОВ,
мураттиби стандарти фаннӣ,
барномаи таълим,
муаллифи китоб, узви вобастаи
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2014 №: 91 Мутолиа карданд: 1889