мулоқотҳо
ТОҶИКИСТОНУ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲО МУВАФФАҚАНД
Рӯзи 14 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сарвари давлат Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар ҳавзаи Аврупо арзёбӣ кардааст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба раванди ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар робита ба шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баҳои баланд додааст.
Мартин Дахинден, директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонро судманду таҳкимбахши дурнамои ҳамкориҳои минбаъда арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб аз рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноат карданд. Мартин Дахинден ҳамчунин муносиботи ду кишвар дар доираи созмонҳои молиявии байналмилалӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупоро тавсиф кард.
Зикр шуд, ки фаъолияти пурсамари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. То кунун аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо шуда, феълан 30 тарҳ бо маблағгузории Швейтсария мавриди иҷро қарор дорад.
Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ ҳадафи аслии сафараш ба Тоҷикистонро шиносоӣ бо рафти иҷрои лоиҳаҳои мавриди назар унвон кард. Ба ин манзур қарор аст, Мартин Дахинден ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ сафар намуда, аз ҷараёни татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария идома доранд, дидан кунад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2014 №: 91 Мутолиа карданд: 1376