logo

маориф

ЭҲТИРОМ АЗ ЗАҲМАТ

Агар кас ба солҳои гузашта, айёми таҳсилу омӯзиш  назар афканад, ҳамоно  як силсила лавҳаҳои рангини зиндагӣ, лаҳзаҳои  фаромӯшнашавандаи симои шахсони бузург, бахусус омӯзгорони ба дил наздик пеши назар меоянд.
Саидбой Шербоев, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви  вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аст, ки шуҷоату корномаи ӯ, дар ҷодаи илм шоистаи ситоиш ва омӯзишу таҳқиқ мебошад.
Ӯ солҳои 1963-1967 донишҷӯйи факултети филологияи тоҷики Институти  педагогии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1967 то имрӯз дар таълим ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ саҳми босазо гузошта истодааст. Солҳои 1968-1980 ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор оид ба таълим, мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷики Институти такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе фаъолият дошт.  Соли 1980 ӯро ҳамчун ҷавони кордону илмдӯст барои кор ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) даъват карданд. Зиёда аз 32 соли ҳаёти худро устод ба ҳамин донишгоҳ пайваст. Аз муаллими калон то ба дараҷаи олии илмии профессорӣ расид. 17 сол вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷикро дар донишгоҳи мазкур ба зимма дошт. Пайваста аз курсҳои методикаи таълими забони тоҷикӣ ва практикуми забони тоҷикӣ дарс мегуфт. Ҳудуди 30 сол дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ роҳбари умумии таҷрибаи омӯзгории факултаи филологияи тоҷикро ба уҳда дошт. Чеҳраи  ҷаззобу сухани буррои ӯ солҳо дар дилу дидаву гӯши шогирдон нақш мебастанд. Ҳанӯз аз овони дохил шуданамон ба ин махзани маърифат устод ба мо толибилмон дастгиру раҳнамо буд. Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ мунтазам дар дарсҳои шогирдон иштирок мекард. Вазъи таълими забони тоҷикиро дар мактаб меомӯхт. Ба ҳамин восита ба ӯ муяссар гардид, ки  барои беҳтар гардидани сифати таълими  фанни  забони тоҷикӣ китоби  «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» -ро нависад.
Фаъолияти эҷодии ӯ гуногунсоҳа: аз асарҳои илмию методӣ ва публитсистӣ иборат аст. Дар бештари бахшҳои забоншиносӣ таълифоти пурарзиш дорад. Асару мақолаҳои оид ба масъалаҳои забоншиносияш  аз диди баррасии мавзӯот, навигарӣ ва ҳалли мушикофона дар сатҳи хеле баланд истода, моҳияти ҷамъбастӣ  ё гиреҳкушоии ин ё он ҷанбаи  масъаларо доранд. Чунончи, «Ифодаи хабарҳои феълӣ бо воҳидҳои фразеологӣ»; «Доир ба элипсияи хабарҳои феълӣ дар забони тоҷикӣ». (Масъалаҳои филологияи тоҷик); «Хабарҳои феълии пайваст ва таснифоти онҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик» ва ғайра дар илми забоншиносии тоҷик мақоми босазоро касб кардаанд.
Устод солҳои зиёдест, ки мураббии аспирантон, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон аст. Таҳти роҳбарии ӯ беш аз 10 нафар  рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд, ки ҳоло дар бахшҳои гуногуни илми забоншиносӣ ва таълими он  пайгирона хизмат карда истодаанд. Ӯ соли 1985 дар мавзӯи «Хабарҳои феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик»  рисолаи номзадӣ ва соли 1993 дар мавзӯи «Асосҳои илмию методии таълими синтаксиси забони тоҷикӣ дар мактаби миёна» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Профессор  С. Шербоев солҳои зиёдест, ки узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад. Умри пурбаракати худро сарфи таълиму тадқиқ намуда, муаллифи 4 монография, 3 китоби дарсӣ, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, илмию методӣ, илмию оммавӣ ва дастурҳои таълимӣ аст. Барои хизматҳои шоён бо як қатор мукофотҳо сарфароз шудааст. Бо ордени «Шараф», «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадр гардидааст.
Саидбой Шербоев баҳри рушди соҳа ва илми забоншиносии тоҷик пайваста мекӯшад ва ҳамзамон шогирдонро ба ин роҳ ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад.

Шодӣ БОБОЕВ,
Асрор САТТОРОВ,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2014    №: 94    Мутолиа карданд: 1858
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед