logo

мулоқотҳо

ГУФТУГӮИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин баррасӣ ёфтанд.
 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “тайи 12 моҳи гузашта 3 маротиба баргузор шудани мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишварро нишонаи ҳусни ният ва рушди босуръати муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш” номид.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистонро “ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боэътимоди стратегӣ” номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки 2 сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин аз 2 миллиард доллари амрикоӣ боло меравад. Аз оғози кори як қатор ширкатҳои чинӣ дар соҳаи саноати кӯҳии Тоҷикистон ва амалишавии таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии чинӣ ҳам изҳори хушӣ шуд.
Доир ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, навсозии роҳҳои мошингард ва бунёди иншооти нави истеҳсоли неруи барқ ҳам гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки мардуми ин кишвар ҳунари санъаткорони тоҷикро бисёр хуб пазируфтанд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Чин тасмим дорад, шумораи бурсияҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилотии ин кишвар, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг,  афзун намояд.
Атрофи рӯзномаи ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.
Андешаҳои ҷолиб, доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон низ баён гаштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2014    №: 94    Мутолиа карданд: 1471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед