logo

илм

НАХУСТМЕЪМОРИ КИШВАРИ КӮҲСОР

Чанде пеш аз Ҷумҳурии Беларус хушхабаре расид, ки боиси ифтихору хурсандии аҳли зиё ва ҳаводорони рушди илми кишвар гардид.

Чаро ки то ин дам дар риштаи меъмории мав-зеъҳои кӯҳистон касе рисолаи докторӣ пешниҳод накарда буд. Акрамҷон Акбаров баъди заҳматҳои тӯлонӣ мавқеи кӯҳистон, шароитҳои иқлимӣ, офатҳои табиӣ (селу тарма, лағжиш, заминларза) ва дигар хусусиятҳои хоси онро омӯхта, бештар аз 40 сол боз дар ин ҷода таҳқиқот мебарад.
Дил бохтани Акбарҷон ба соҳаи илми меъморӣ ҳанӯз аз айёми мактабхониаш сар шуда буд.
- Ҳангоми таҳсил дар деҳот, - мегӯяд Акбарҷон, ман ба тарзи хонасозӣ, рангу бор ва услуби меъморӣ диққати ҷиддӣ медодам. Дар ҳақиқат, вақте кас бо деҳаҳои кӯҳистон аз наздик шинос мешавад, дар баробари хонаҳои якранг, ба хонаҳое дучор меояд, ки таҳрезӣ, сохтор ва услуби меъмориаш аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, дар кӯҳистони Исфара, деҳаҳои наздикӯҳии Самарқанд ва Бадахшон барои баъзе хонаҳо дар баробари пойдевори мустаҳкам боз синҷро ба кор бурда, ҳамчунин ба мавқеи ҷойгиршавии хона, нури офтоб ва самти вазиши бод диққати ҷиддӣ медиҳанд. Акбарҷонро ана ҳамин тарзу услуби хонасозӣ дар мавзеъҳои кӯҳистон ба ваҷд овард. Ин буд, ки баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ соли 1966 ба шуъбаи меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) дохил шуд. Ҳангоми таҳсил робитаро ба Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ пайваст ва кори дипломии худро бар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ дар ҷодаи меъморӣ омода намуд.
Ин ҷавони толибилмро орзуи такмили дониши соҳаи меъморӣ ором нагузошт. Соли 1976 ба аспирантура дохил шуд ва кори илмиашро дар Институти марказии илмӣ – тадқиқотию лоиҳакашии биноҳои истиқоматӣ («Гражданселстрой»)-и шаҳри Маскав дар мавзӯи «Меъмории таҳрезӣ ва бинокории деҳоти Тоҷикистон» давом медод. Дар ин муддат хусусиятҳои ташаккули меъморию таҳрезии деҳотро дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон тадқиқ намуд. Барои дониши дақиқ пайдо намудан, ӯ ба ҷумҳуриҳои кӯҳсори собиқ Шӯравӣ - Арманистон, Доғистон, Гурҷистон сафар намуда, сохти меъморӣ ва тарзу услуби сохтмони хонаҳои деҳоти ин мамлакатҳоро омӯхта, дар қиёс бо услуби меъмории кӯҳистони Тоҷикистон таҳлил намуд.
Минбаъд дар бисёр мақолаҳои илмии худ масъалаҳои камзаминии кишвар ва дар бисёр ноҳияҳо ғайриоқилона истифодабарии заминҳои обиро ба миён гузошт. Ӯ нишон дод, ки бо назардошти вазъи демографӣ бояд дар оянда аз ҳисоби доманакӯҳҳо сохтмонро дар деҳот васеъ карда, мушкилоти нарасидани манзилро ҳал намуд. Ба ин хотир якчанд тавсияҳои илмии мушаххасро дар мисоли баъзе ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат пешниҳод намуда, ба воситаи таҳияи нақшаю ҳисобу китоби аниқ роҳҳои дар кадом сатҳи релеф ҷойгиркунонии деҳаҳоро низ нишон додааст.
Солҳои 1985 – 1990 таҳти роҳбарии ӯ як қатор корҳои тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ оид ба тармиму тарҳрезии маҳал ва ободонии хиёбону гулгаштҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Истаравшан ба итмом расиданд, ки дар ин лоиҳаҳо ба масъалаи ҳифзи муҳити зист низ диққати асосӣ дода шудааст.
Дар муддати ин солҳо вай кори илмиро идома дода, барои ҷамъбасти рисолаи докторӣ ба Донишгоҳи миллии техникии Беларус раҳсипор мешавад. Кори доктории ӯ перомуни «Такомули сохтори меъморию тарроҳии деҳот дар шароити минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон» бори аввал пешниҳод шуда ва аз ҷониби мутахассисони соҳаи мазкур баҳои баланд гирифтааст. Ба кори доктории олим бисёр мутахассисони варзидаи ҷумҳуриҳои кӯҳсори собиқ Шӯравӣ баҳои баланд дода, татбиқи идеяҳои ӯро дар шароити кӯҳистони кишварҳои мазкур пазируфтаанд.
Чанде пеш китоби калонҳаҷми А. Акбаров бо номи «Меъмории кӯҳистони Тоҷикистон» бо забони русӣ дар шаҳри Минск аз чоп баромад. Дар ин мавзӯъ аввалин китоб аст.
Х. МУҲАББАТОВ,
доктори илми география


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2014    №: 98    Мутолиа карданд: 1976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед