маориф
НИГАРОНӢ АЗ МАБЛАҒПАРДОЗИИ ТАЛАБАГОН
Дар ҳафт cоли оянда ҷудо шудани маблағ дар ҳаҷми 27 миллиард сомонӣ ба соҳаи маориф, сатҳи пасти дониши донишҷӯён, пулталабӣ аз хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, зери суол қарор гирифтани фаъолияти литсейҳои туркӣ, рушди мактабҳои хусусӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар конфронси илмию амалии «Маориф дар давраи истиқлолият: мушкилот ва дурнамо» бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба дастурҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардиданд.
Холиқназар Худойбердиев, роҳ-бари Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳадафи баргузории ҳамоишро дар амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат дар самти маориф бо иқдоми муштараки маорифчиён, устодони мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ маънидод кард.
Сайфулло Сафаров, муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ, аз моҳияти Паём ва маориф ҳамчун омили муҳими амнияти миллӣ ёдовар шуд.
- Баъди шунидани Паём ва омили амнияти миллӣ эълон шудани он чанд бандро барои маорифчиён пешниҳод кардем, зеро маориф ниёзи бештар ба ислоҳ дорад. Набояд хонандае аз таҳсил ва тарбия дур бошад ва ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ кашида шавад. Солҳои оянда бояд авлавият ба рушди заминаҳои илмӣ ва илмҳои иноватсионӣ - технологӣ дода шавад.
Абдураҳмон Қурбонов, сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, аз таърихи қабули Қонун «Дар бораи маориф» ёдовар шуда, гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур соли 1991 таҳия ва баъди ду сол қабул шуд.
- Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳимияти масъалаи мазкурро дарк карда, сари вақт як қатор барномаҳоро қабул намуд. Дар он марҳалаи ҳассос барои амалӣ намудани барномаҳо аҳли маориф дар ҳама зинаҳои таҳсил саҳм гузоштанд. Охири солҳои навадум, зиёда аз 35 дарсади наврасони синни мактабӣ ба сабаби норасоии омӯзгорон ва мушкилоти дигар ба таълим фаро гирифта нашуданд, аз 944 муассисаҳои томактабӣ танҳо 500 адад боқӣ монд. Вазъи мактаб-интернатҳо барои маъюбон ҳам ташвишовар буд. Чораҳои андешидашудаи Ҳукумат натиҷаи мусбат дод. Дар аввали солҳои 2000-ум маориф ба ҳадафи стратегӣ ва соҳаи афзалиятнок табдил ёфт. Аз ҳамон сол марҳалаи нави рушди маориф шурӯъ шуд. Муътадил гардидани сатҳи сиёсӣ ва болоравии иқтисодиёти кишвар ба амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоӣ мусоидат кард. Агар cоли 2001 аз буҷет 41 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондод соли 2012 ба 1,6 миллиард ва соли 2013 ба зиёда аз 2 миллиард расид. Давраи истиқлолият зиёда аз 1500 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо харҷи 2,7 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Абдураҳмон Маҳмадов, раиси дастгоҳи Шӯрои амнияти назди Президент, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, оид ба беҳбуди сифат ва усулҳои таълим, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои ифротгаро маърӯза кард.
- Ин ҷо дуруст нигаронӣ шуд, ки соатҳои фанҳои ҷамъиятшиносиро аз низоми таълим кам кардем. Вақте мегӯем, ки ҷавононро аз фирефташавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳифз кунем, бояд ба онҳо маълумот дар бораи илмҳои ҷамъиятшиносиву диншиносӣ диҳем. Онҳо дар вақти таҳсил оид ба дину гурӯҳҳо тасаввурот пайдо кунанд. Дин худ ахлоқ аст.
Оид ба масъалаи маблағ-пардозии хонандагон бидуни су-ратҳисоби махсус дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Абду-раҳмон Қурбонов мактаби таҳ-силоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанберо мисол овард, ки ҳар моҳ 50 сомонӣ аз ҳар як хонанда ситонда мешавад. Ин ба ғайр аз пардохти арзиши нархи парда, бухорӣ, ҷорӯб, бӯр ва ғайра мебошад.
Иштирокчиён аз маблағпар-дозии хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки ин падида бояд зуд аз байн бурда шавад. Ва маблағгузарониҳо ба мактабҳо тавассути суратҳисоби махсус сурат гиранд, то маош ва шароити моддии омӯзгорон беҳтар шавад.
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2014 №: 98 Мутолиа карданд: 1453