logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА БЕЛАРУС

23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус
24 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди қасри Истиқлоли шаҳри Минск оғоз ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи салом кардани меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.
Александр Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки Шумо барои ман ва мардуми Беларус ҳамеша меҳмони дилхоҳ ҳастед. “Тоҷикистону Беларус ва мардумони ду кишвар дӯсту бародаранд ва мо, роҳбарони давлатҳо низ мутобиқ ба ҳамин гуна муносибат амал мекунем”.
Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко барои даъват ва пазироии бародарона ва барои дастгирии доимӣ аз Тоҷикистон арзи сипос намуд. Изҳори сипос ҳамчунин доир ба кумак дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот карда шуд.

Муҳокимаи масоили ҳалталаб дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар
Александр Лукашенко Тоҷики-стонро “шарики боэътимоди Беларус дар минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ - Осиёи Марказӣ” номида, бо муроҷиат ба ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус изҳор дошт: “Ҳар кумаке, ки мо ба Тоҷикистон метавонем расонда, бояд расонем”.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт. Барои татбиқи босамари заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии мавҷуда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳо ва мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бояд тезонда шавад.
Ба андешаи сарони ду давлат, ҳамчунин бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои коркарди пахта, меваю сабзавот ва доир ба истеҳсоли молҳои талаботи ҳаррӯза манфиатовар хоҳад буд. Ба ташкил ва густариши ҳамкории мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ шуд. Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ миёни муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ низ дорои дурнамои наку аст.
Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ барои нигаҳдории амну суботи минтақавӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ ҳамгироии ҷиддии дуҷониба ва бисёрҷонибаро талаб мекунад.

Имзои 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Гродно;
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Беларус;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии Беларус оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноати сабук «Беллегпром»;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Беларус;
Созишнома миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;
Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус;
Нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2014-2015;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Беларус.
Дар охир Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат ба натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза баҳои баланд дода, дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номиданд.

Тавофуқ оид ба муҳоҷирати корӣ
24 май зимни музокироти расмӣ сарони ду давлат ба мувофиқа омаданд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба бахшҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дигар корхонаҳои саноатии Беларус васеъ ҷалб карда шаванд.
Тавре Александр Лукашенко изҳор дошт: “Ҷумҳурии Беларус ба ҷалби васеи қувваи корӣ аз Тоҷикистон манфиатдор аст”.

Гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Ғалаба
24 май, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи Ғалабаи шаҳри Минск гулчанбар гузошт.
Дар маркази шаҳри Минск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи Ғалаба гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои таърихии давлат ва мардуми Беларус арзи эҳтиром намуд.

Ташриф ба Донишгоҳи давлатии Беларус
24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Беларус ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқоти судбахш анҷом дод.
Дар оғози вохӯрӣ бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос намуда, таъкид дошт: «Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ бо Ҷумҳурии Беларус манфиатдор аст».
Дар ин мулоқот донишҷӯёни зиёд аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Ба иттилои масъулони соҳа, ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус таҳсил мекунанд.
Таъкид гардид, ки дар асоси тавофуқоти миёни сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, минбаъд Ҷумҳурии Беларус на танҳо дар ҳудуди худ мутахассисони тоҷикро омода месозад, балки дар Тоҷикистон низ филиалҳои муассисаҳои таҳсилотии худро боз хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост намуд, ки танҳо дар Донишгоҳи давлатии Беларус ҳар сол 100 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо карда шавад.

Боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Минск
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварда, бо кори он бевосита шинос шуд.
Ин минтақа дар 3 ҳазор га доман густурда, дар он беш аз 140 ширкати беларусию хориҷӣ бо харҷи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим корхонаҳои истеҳсолии худро сохта ба кор даровардаанд. Дар минтақаи озоди иқтисодии Минск ҳамасола ба андозаи 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маҳсулот истеҳсол мешавад.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бештар фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Алютех» ба худ ҷалб намуд. Ин корхона ба коркарди алюминийи аввалия машғул буда, аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла профилҳои алюминӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Маҳсулоти он ба 140 кишвари ҷаҳон содир мешавад. Зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона қарор шуд, ки ҳамкории 2 сол пеш оғозёфтаи он бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» густариш дода шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2014    №: 99    Мутолиа карданд: 1565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед