мулоқотҳо
ҲАМГИРОӢ ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНӢ
26 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Ассамблеяи миллии порлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳбарии раиси он Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт.
Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат бо нашри ин хабар иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Манбаъ мегӯяд, ки таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо миёни порлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони ду кишвар зоҳир гардид.
Сардор Айёс Содиқ, раиси Ассамблеяи миллии порлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, ин нуктаро тасдиқ намуда, натиҷаҳои мулоқоти ҳайати порлумонӣ бо Президенти Тоҷикистонро судманд арзёбӣ кард. Мавсуф изҳор дошт, ки бо назардошти равобити устувори мардумони ду кишвар мо дар гуфтугӯ бо ҷаноби Президент дурнамои ҳамкориҳои судбахши ду кишварро дар бахшҳои гуногун матраҳ кардем. Қарор дода шуд, ки ҷараёни татбиқи созишномаҳои ҳамкории имзошуда, бахусус иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, тиҷорату сармоягузорӣ аз сӯи порлумонҳои ҳарду давлат таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.
Ба гуфтаи раиси Ассамблеяи миллии порлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар суҳбат ҳамгироии Тоҷикистону Покистон дар амри мубориза бо терроризму эктермизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон баъд аз хуруҷи неруҳои эътилоф аз ин кишвар, ки қарор аст, то поёни соли ҷорӣ амалӣ шавад, табодули назар карданд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2014 №: 100 Мутолиа карданд: 1296