logo

маориф

БОЗ ЯК ПИРӮЗИИ МЕНДЕЛЕЕВЧИЁНИ ТОҶИК

Дар  Олимпиадаи 48-уми байналмилалии Менделеев аз фанни химия, ки рӯзҳои 11- 18- уми майи соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, ҳашт нафар хонандагони литсей - интернатҳои муштараки тоҷикӣ - туркӣ ва гимназияи тоҷикӣ - русии ‘’Ҳотам ва ПВ’’ иштирок карда,  2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Иштирок дар олимпида дар давраҳои мухталиф доир шуд, зинаи аввал байни 30 ҳазор донишҷӯ аз 25 кишвар тавассути шабакаи иҷтимоии интернетӣ сурат гирифт. Дар давраҳои баъдӣ 100 ғолиб дар Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Москав байни ҳам қувва санҷиданд.
Олимпиадаи байналмилалии менделеевӣ аз фанни химия аз 2 даври назариявӣ ва 1 давр аз корҳои амалӣ иборат буд. Дар озмун аз Тоҷикистон хонандагон Алишер Муродов (бо 129 хол) ва Руҳилло Қодиров (бо 120 хол) сазовори ҷойи сеюм, медали биринҷии олимпиада ва роҳхат ба донишгоҳи бонуфузи Русия - Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов гардиданд. Дигар иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти олимпиада сарфароз гардонда шуданд.
Абдуфаттоҳ Ҳотамов, директори  гимназияи тоҷикӣ - русии ‘’Ҳотам ва ПВ’’ ба мо гуфт, ки ҳоло зиёда аз 50 шогирди литсей дар Ҷопон, Амрико, Туркия, Индонезия, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Швейтсария, Олмон, Англия, Беларус ва Русия дар донишгоҳҳои бонуфуз ройгон таҳсил мекунанд.
-Ҳамаи онҳо дар риштаи илмҳои дақиқ ва технологияи информатсионӣ таҳсил доранд. Донишгоҳҳои бонуфуз шогирдонро тавассути олимпиадаҳои байналмилалӣ интихоб мекунанд, зеро онҳо барои қабули шогирдони болаёқат ҳавасманданд.
То ба ҳол ягон шогирди мо дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар аз тариқи шартнома таҳсил накардааст, зеро ба сифати дониш авлавият медиҳем. Ҳатто дар литсей  хонандагоне, ки бо баҳои аъло мехонанд, имтиёзи ройгон таҳсил кардан доранд. Ҳоло 30 дарсади хонандагони гимназия ройгон таҳсил доранд, - иброз дошт Абдуфаттоҳ Ҳотамов.
Гимназияи тоҷикӣ-русии ‘’Ҳотам ва ПВ’’  соли 2003 таъсис ёфта, феълан 700 хонанда, аз ҷумла,  28 хатмкунанда дорад.
Моҳи марти соли ҷорӣ Умеда Мирова, хонандаи литсейи мазкур, дар олимпиадаи байналмилалӣ миёни 100 хонанда аз фанни химия медали тилло ба даст овард.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2014    №: 101    Мутолиа карданд: 1646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед