logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШОҲИГАРИИ БАҲРАЙН

27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Шомгоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Шоҳигарии Баҳрайн шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Баҳрайн, шаҳри Манама Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Шоҳигарӣ шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ бо эҳтирому самимияти олӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳ сарбозони горди фахрии  Подшоҳи Шоҳигарӣ саф оростанд. Парчамҳои давлатии ду кишвар парафшон буданд.
Зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳар ду палатаҳои порлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ба имзо расидани 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2014    №: 101    Мутолиа карданд: 1557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед