logo

илм

БУРИШИ ТИЛОӢ

Олимони дунё дар он фикр ҳастанд, ки ҳама мавҷудоти замин дар худ хосияти ба формулаи буриши тилоӣ мувофиқро доранд, лекин дар вақти овардани маълумотҳояшон мегӯянд, ки онҳо тақрибан ба буриши тилоӣ мувофиқ меоянд. Ба андешаи олими риёзишинос Ф. Зайтсев дар асарҳо ва мусиқиҳо нуқтаи авҷ тақрибан ё ин ки наздик ба буриши тилоӣ мебошад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки агар нуқтаи авҷ тақрибан мувофиқ ояд, ин маънии бо буриши тилоӣ дақиқ мувофиқ омаданро надорад. Ин андешаамро бори аввал роҳбари илмиам Зафар Усмонов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, профессор, доктори илмҳои физика ва математика, мушоҳида намуда, барои аниқ ҳосил шудани буриши тилоӣ ва умумисозии формулаи буриши тилоӣ оғоз карданд. Дар натиҷа формулаи нав ҳосил шуд. Ба сифати модели риёзӣ барои шарҳи дурусти масъалаҳои амалӣ имконнопазир будани истифодаи формулаи буриши тилоӣ, модели дигаргуншудаи он, ки дорои ду параметр мебошад: A ва B, пешниҳод гардидааст. Баъди ихтироъ шудани умумикунонии формулаи буриши тилоӣ, бо устод Зафар Усмонов ба татбиқи ин формула шурӯъ кардем. Барои татбиқ кардани ин формула ба ман аз тарафи роҳбарам вазифа гузошта шуд, ки мавқеи нуқтаи авҷи асарро дар асарҳои бадеӣ ёбам. Барои пажӯҳиш се достони “Шоҳнома”– и Абулқосим Фирдавсӣ: «Нузар», «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш»-ро интихоб намудам, ки он се параметрро дар бар мегирад: яке аз он муҳтавои асарро муайян мекунад, ду параметри дигар бо эҷодиёти худи муаллиф алоқаманд аст. Маълумоти мухтасар оид ба нуқтаи авҷи асар – дар ин қисмати ашъор муаллиф ҳадафи асосии худро дар асар нишон медиҳад ва воқеа ба ҳадди ниҳоии худ мерасад. Қувваҳои муқобил ошкоро ба мубориза бармехезанд. Дар ҳамин ҷо симои ҳақиқии қаҳрамонҳо ва муносибатҳои иҷтимоию ахлоқии онҳо рӯшан мегардад ва ба анҷом расидани воқеа оғоз меёбад.
Дар ҳамаи достонҳо нуқтаи авҷи асар ба ҳалокат расидани қаҳрамонҳои онҳо (Нузар, Суҳроб, Сиёвуш) мебошанд. Достонҳо байни худ алоқаманд нестанд, алоҳидаанд, барои ҳамин чунин коркард мешаванд. Ифодаи гуногуни воҳиди ченаки матн – дар байтҳо, калимаҳо, аломатҳо бе фосила ва бо фосила, дар ҳарфҳо ва ҷумлаҳо ба назар мерасад. Дар ин ҷо шаш аломати ҳисобкунӣ дида мешавад. Ба ҷуз аз шаш воҳиди ченаки матни ҳисобкардашуда, ки барои тавсифи нишондиҳандаҳои достон истифода мешавад, боз воҳиди ҳафтум шумораи саҳифа ҳисоб мегардад. Бо вуҷуди ин, тадқиқотҳои пешакӣ оид ба воҳиди ҳафтум корношоямиро нишон дод, зеро ки ҳисоби миқдори саҳифа, дар вақти тағйир додани шрифт, андоза ва фосилаи байни матнҳо натиҷаҳои гуногун доданд.
Дар поён коэффисиентҳое вомехӯранд, ки бояд онҳоро фаҳмид. Чунончи, a ва b – масофа, дар навбати худ, аз аввали достон то нуқтаи авҷи асар ва аз нуқтаи авҷи асар то анҷоми достон, воҳиди ченаки матн ҳисоб меёбад; A ва B, барои монандсозии қолабҳо дар ҳолати муайян истифода мегардад. Мисол, дар достони “Нузар” ифодаи гуногунии воҳиди ченаки матн аз аввали достон то нуқтаи авҷи асар: шумораи байтҳо (ду мисраъҳо) – 494, шумораи калимаҳо – 5372, шумораи аломатҳо бе фосила – 25657 ва бо фосила – 30223, шумораи ҳарфҳо – 24348 ва шумораи ҷумлаҳо – 440 ва аз нуқтаи авҷи асар то анҷоми достон; шумораи байтҳо (ду мисраъҳо) – 117, шумораи калимаҳо – 1275, шумораи аломатҳо бе фосила – 5986 ва бо фосила – 7066, шумораи ҳарфҳо – 5691 ва шумораи ҷумлаҳо – 103. Ҳисоби ду параметр: 8,50 ва –18,05. Ду параметри ҳисоб карда шударо санҷидем, ки дар мисоли шумораи байтҳо барои достони “Нузар” мебинем. Қимати бузургии беандоза барои шумораи байтҳо баробари 4,22 мебошад, вақте ду параметри ҳисоб карда шударо ба умумикунунии формулаи буриши тилоӣ гузошта ҳисоб кардем, ба 4,22 баробар шуд. Ва ин тарз буриши тилоӣ бо воситаи умумикунунии формулаи буриши тилоии ихтироъшуда, дар амалия татбиқ гардид. Ҳамин тарз, барои ҳар як сутуни воҳиди ченаки матни достони “Нузар” санҷида шуд, ки баробарӣ ба вуҷуд омад.
Маънои бузургии беандозаи a/b, барои ҳар як достон вобаста аз воҳиди ченаки матн, қиматҳои ҳудуди муайянро доранд. Ҳудудҳо ҷудонашаванда, наздик, дар муносибат мумкин аст, ки ҳисоби миёнаи бузургии a/b (барои достонҳои дидабаромада ба навбати худ 4,26, 3,73 ва 9,94 мебошанд) ба сифати нишондиҳандаҳои миқдорӣ, барои шинохтани асари як ё якчанди муаллиф истифода мешаванд.
Қимати коэффисентҳои A ва B дар ҳар як шаш воҳиди ченаки матн қабули қимати тақрибан баробарро дошт. Аз маълумотҳои бадастомада ҳисоби миёна 13,74 ва –38,60, барои A ва B, метавонанд чунин параметрҳо бошанд.
Инак, пас аз асоснок кардани таҳқиқот мумкин аст чунин тахминҳоро баровард:
– параметри беандозаи a/b, ин муносибати фиқраҳои матни достон аз оғози достон то нуқтаи авҷ, фиқраи матн аз авҷи асар то охири достон мебошад, мумкин аст, ба сифати муайянкунии рафтори нишондиҳандаҳои миқдор, барои достон.
– параметрҳои A ва B, бо воситаи умумикунунии формулаи буриши тилоӣ ҳисоб кардашуда, мумкин аст, ба сифати муайянкунии рафтори нишондиҳандаҳои миқдор истифода гардад.
Абдунабӣ ҚОСИМОВ,
аспиранти ДПДТТ ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2014    №: 102    Мутолиа карданд: 2083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед