logo

илм

ТИББИ СОБИТШУДА, ЯЪНЕ ЧӢ?

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар кори он олимони варзидаи соҳа, аз ҷумла Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Нусратулло Файзуллоев, президенти Академияи илмҳои тиббӣ, Павел Урсу, сардори намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Кетел Макдоналд, директори USAID дар кишвар, М. Мирсаидова, роҳбари барномаи GIZ «Тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ», инчунин намояндагон аз кишвари Қазоқистон ширкат намуданд. Саҳми тибби собитшуда дар баланд бардоштани сифати ёрӣ ва таҳсилоти тиббӣ мавзӯи меҳварии ҳамоиш буд. Зикр гардид, ки тибби собитшуда дар муолиҷаи дурусти беморон ва пешгирии бемориҳои гуногун саҳми зиёд дорад. Ин мафҳум баъди солҳои навадум аз ҷониби олимони Канада пешниҳод шуд ва дар тӯли 20-25 сол дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон паҳн гардид. Оё то ин замон шакли гуногуни бемориҳо ва роҳи пешгирии онҳо мавҷуд набуд?
Дар садаи ахир илми тиб рушд кард ва асрори бисёр бемориҳоро кушод, ҳатто баъзе аз онҳоро аз байн бурд. Олимони соҳа роҳи табобати бемориҳоро дарёфт намуданд, натиҷаи таҳқиқотҳояшонро ба воситаи рӯзномаву маҷаллаҳои илмӣ паҳн карданд. Миллионҳо маводи доир ба тиб ва роҳҳои табобати бемориҳои гуногун дар ҷаҳон таблиғ гардид. Дастовардҳои илмии тиб баҳри иттилоотиро мемонад, ки на ҳар табиб имкони истифодаи пурраи онро дорад. Табиб танҳо маълумоти дастраснамудаашро аз худ мекунад ва дар ин ҳол метавонад роҳгум занад. Яъне табиб бояд ба ҳар иттилоъ бовар накунад, зеро, ки қисми зиёди онҳо ҳанӯз собит нашудаанд.
Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳ, зимни суханрониаш гуфт, ки «Тибби собитшуда талаб менамояд, ки ҳар як усули пешгирикунанда ва табобатро бояд дақиқ донем, мутмаин бошем, ки он бо таҳқиқотҳо, далелҳои боэътимод собит шудааст. Ин гуна усул, дору ё табобат барои бемор таъсиррасон ва бехатар мебошад.
Албатта, бисёре аз олимон мегӯянд, ки ин ё он дору ё усули табобат дар асоси тибби собитшуда аст. Аммо дар баъзе ҳолат барои манфиати худ қасдан нодуруст низ мегӯянд. Аз ин рӯ, табибон бояд, ки ҳамеша эҳтиёт намоянд ва аз усули дурусти табобат истифода кунанд».
Зикр шуд, ки бо дастгирии барномаи USAID соли 2007 дар назди донишгоҳ Маркази ҷумҳуриявии тибби собитшуда таъсис ёфт. Ва то имрӯз дар доираи барномаи марказ зиёда аз 400 чорабиниҳои маърифатӣ гузаронда шудааст. Дар он зиёда аз 6 ҳазор нафар кормандони донишгоҳ ва кормандони соҳаи тиб ширкат варзидаанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2014    №: 102    Мутолиа карданд: 1937
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед