маориф
СУҒД: НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ҶОИ АВВАЛ
Дар шаҳри Хуҷанд бо пешкории муштараки раёсати маорифи вилояти Суғд ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ олимпиадаи вилоятии фаннии хонандагони синфи 10 баргузор гардид. Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Бобоҷонова қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории олимпиадаи мазкур дарёфти хонандагони болаёқат аст.
403 нафар ғолибони олимпиадаҳои шаҳрию ноҳиявии синфҳои 10 аз рӯи 16 фанни таълимӣ ва 45 нафар хонандагони синфҳои 11 аз забонҳои арабӣ, олмонӣ ва ӯзбекӣ бо истифода аз технологияҳои муосири таълим - амсоли тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази тестӣ дониши худро санҷиданд. Саволномаҳо ба тариқи тестӣ аз ҷониби устодони донишкада тарҳрезӣ шуда буданд. Толори маҷлисгоҳи барҳаво, синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва устодони донишкада, ки рафти олимпиадаро назорат ва дониши хонандагонро баҳогузорӣ карданд, имкон фароҳам овард, ки олимпиада шаффоф доир гардад.
Хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввал, шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов зинаҳои баъдиро ишғол намуданд.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.06.2014 №: 104 Мутолиа карданд: 1580