logo

мулоқотҳо

ЛОИҲАИ ҲИСОБОТ БАРРАСӢ МЕШАВАД

Лоиҳаи ҳисобот доир ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии тарҳи Неругоҳи барқи обии Роғун, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ идома дорад, моҳи июн нашр ва моҳи июли соли равон дар вохӯрӣ бо намояндагони кишварҳои соҳили Ому мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ин матлабро Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, нимаи дувуми рӯзи 30 май баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон баён намуда, иттилоъ дод, ки ҳисоботи ниҳоӣ дар ин маврид моҳи августи соли ҷорӣ пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа тасдиқ хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба мулоқоти Сарвари давлат бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни дидор масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалӣ, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар ҳисоботи корҳои тадқиқотиву баҳодии лоиҳаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баррасӣ шуд. Бино ба гузориши манбаъ, инчунин дар суҳбат Президенти мамлакат изҳори боварӣ намудааст, ки мавқеи Бонки ҷаҳонӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳаи неругоҳ то охир воқеӣ ва мустақил боқӣ хоҳад монд.
Зимнан, Сароҷ Кумар Ҷа дар суҳбат бо хабарнигорон мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистонро судманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар ин гуфтугӯ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, назири обу энергетика, кишоварзӣ, дастгирии бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2014    №: 104    Мутолиа карданд: 1339
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед