logo

сафарҳо

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Литва

Cафарҳои давлатию расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои назди Балтика ва Аврупо аз субҳи 12 феврал дар Ҷумҳурии Литва идома ёфт. Маросими истиқболи расмӣ дар назди Кохи Президенти Ҷумҳурии Литва баргузор гашт. Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Литва Валдас Адамкус истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва зимни сӯҳбати хосаи сарони ду давлат ва гуфтушунидҳои ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуданд.  Болоравии мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Литва, ки соли гузашта ҳаҷми он зиёда аз 110 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, нишона аз имконоти фаровони густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ маънидод гардид. Таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди  маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, мебел, техникаи рӯзгор, чарм, пойафзол, азхуднамоии канданиҳои фоиданок ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ аз самтҳои  асосии ҳамкорӣ номида шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон барои транзити молу маҳсулоти худ ба Аврупо аз бандарҳои Литва ва Литва низ дар навбати худ аз роҳҳои транзитии Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода намоянд.
Густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ низ зарур шумурда шуд. Мақомоти дахлдори ду кишвар вазифадор шуданд, ки барои муқаррар намудани робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорон, олимон, ҳунармандон, варзишгарон ва аҳли адабу ҳунар мусоидат намоянд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи масоили минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сурат гирифт. Муттаҳидсозии кӯшишҳо баҳри  барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон амри зарурӣ шумурда шуд. Аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Литва Эъломия дар бораи густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Валдас Адамкус барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз самараи мулоқотҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Сейми (Порлумони) Литва Арунас Валинскас мулоқот намуда, оид ба таҳкиму густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва судманди ду кишвар гуфтугӯ анҷом дод.
Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок намуда, сипас  аз гузаргоҳи сарҳадии Лаворишкес дидан кард ва бо тарзу усули ташкили кор ва истифода аз техникаю таҷҳизоти назоратию ташхисии он аз наздик шинос шуд.
Дар шаҳри Вилнюс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи шаҳидони роҳи озодии Литва гулчанбар гузошт ва ба арзишҳою муқаддасоти миллии он арзи эҳтиром намуд. 
Субҳи 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Литва омада, аз нерӯгоҳи барқи обии (гидроаккумулятивии) Круонис дидан кард, ки дар он технологияи аз нерӯгоҳҳои Тоҷикистон фарқкунанда истифода мешавад. Ин нерӯгоҳ дар болои дарёи Неман бунёд ёфта, соли 1997 пурра  ба истифода дода шудааст.
Нерӯгоҳ бо 4 турбина дорои иқтидори истеҳсолии  900 мегаватт нерӯи барқ аст. Кори нерӯгоҳ бо оби ду обанбор, ки яке дигареро бо обкашҳои барқӣ пур мекунад, таъмин мегардад. Самаранокии асосии нерӯгоҳ дар он аст, ки ин ҷо як об такрор ба такрор барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода мешавад. Дар ин ҷо об аз баҳр ба обанбор бо истгоҳҳои барқии обкаш партофта шуда, дар вақти зарурӣ ба турбинаҳо меравад.
Дар шаҳри Каунас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз корхонаи машҳури Элинта дидан кард. Ин корхона соли 1991 бунёд ёфта, самти асосии фаъолияташ автоматикунонии раванди саноат, истеҳсолу фурӯши дастгоҳҳои андозагирию ташхис аст. Қарор шуд, ки корхона бо сохторҳои энергетикии Тоҷикистон баҳри ҷорӣ намудани технологияи муосири кам кардани талафоти нерӯи барқ ҳамкорӣ кунад, зеро дар ин ҷо дастгоҳҳои муосири ташхиси нуқсонҳо дар ноқилҳои барқӣ истеҳсол карда мешавад.
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4483
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед