logo

илм

ҶАРРОҲӢ БО НИТРОГЕНИ МОЕЪ

Дар рӯзнома оид ба истеҳсоли азот (нитроген) ва истифодаи он дар муассисаҳои илмии кишвар иттилоъ дарҷ гашт. Барои пайдо кардани маълумоти бештар хабарнигори рӯзнома Мирзои Фирӯз ба  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.   Аз Институти физикаю техникаи  ба номи Султон Умарови АИ ҶТ  бо имзои   директори он Ҳикмат Муминов чунин посух расид:                                                       

«Бино ба суолҳои Шумо оид ба истеҳсоли нитрогени моеъ иттилоъ медиҳем, ки истеҳсоли нитрогени моеъ (ки ҳарораташ пасттар аз – 196 °С мебошад) дар институти мо дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта ба роҳ монда шуда буд.  Нитрогени моеъ асосан барои корҳои илмӣ - тадқиқотӣ дар лабораторияҳои институт ва барои истеҳсоли гелии моеъ (ҳарораташ – 269 °С, наздик ба сифри мутлақ) истифода мешуд.
Бояд зикр кард, ки Институти физикаю техникаи  ба номи Султон Умарови АИ ҶТ  дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона институте, мебошад, ки ба истеҳсоли маводи ҳароратҳои наздик ба сифри мутлақ ноил буд ва дар он шароит ҳодисаҳои абаррасоноӣ ва абаршороро меомӯхт.
Мутаассифона, бо ҳама пешравӣ ва дастовардҳо  солҳои 90-уми асри гузашта стансияи истихроҷи нитроген аз кор монд.
Ибтидои солҳои 2000 - ум дар институт дастгоҳи хурди истеҳсоли нитрогени моеъ фаъол гардонда шуд, ки тавассути он талаботи онвақтаи озмоишгоҳҳои мо ва ҳатто баъзе донишгоҳҳоро пурра қонеъ гардонда мешуд. Аммо дархост барои нитроген (азот) рӯз ба рӯз меафзуд.
Ин боис гардид, ки ибтидои соли ҷорӣ  фаъолияти стансияи нитрогениро барқарор кардем ва акнун  нитрогени истеҳсолгашта на танҳо талаботи институтҳои Академияи илмҳо ва озмоишгоҳҳои донишгоҳҳои дигарро қонеъ карда метавонад, балки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ҳам истифода мегардад.
Дар ҳоли ҳозир ду компрессор, дастгоҳи тозакунӣ ва хушксозии ҳаво ва детандер кор мекунад ва ҳаҷми истеҳсоли нитрогени моеъ 45 – 50 литр/соат мебошад. Дар оянда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти заруриро афзудан  мумкин аст.
Нитрогени моеъ  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, дар соҳаи байторӣ барои муддати тӯлонӣ нигаҳдории нутфаи чорвои зотӣ ва бордоркунии сунъӣ истифода мешавад.
Дар соҳаи тиб нитрогени моеъро барои нигаҳдории дарозмуддати ҳуҷайраҳои хуни ноф, мағзи устухон ва ғайра ба кор мебаранд. Ҳамчунин дар  табобати саратони хун истифода мешавад.
Дар институти мо чанд намуди нави дастгоҳҳои крио - ҷарроҳӣ - яъне ҷарроҳӣ бо истифода аз ҳароратҳои паст дар лабораторияи криофизика (сармошиносӣ) тавлид карда шудааст, ки хосиятҳои антиадгезионӣ (зиддичаспакӣ) доранд. Ин асбобҳо аз нитрогени моеъ истифода мебаранд ва дар соҳаҳои гуногуни тиб – ҷарроҳии саратон, гинекология ва ғайра мавриди истифода қарор дода мешаванд. Инчунин асбобҳо барои масҳ бо ҳароратҳои паст кор карда шудаанд, ки онро дар соҳаи косметика истифода мебаранд.
Дар ин самт боз таҳқиқот идома дорад ва дастовардҳоямонро дар истеҳсолот ва муассисаҳои илмӣ роҳандозӣ менамоем. Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки ба ҷумҳурии мо бештар фоидабахш аст, ин  нигаҳдории маҳсулоти  кишоварзӣ мебошад. Олимони мо пешниҳодҳои худро дар  боби истифода аз ҳароратҳои паст зимни нигаҳдории меваю сабзавот пешкаш карданианд.
Фаъолияти институти мо барои наздик кардани илм ва истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илми бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  равона шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2014    №: 105    Мутолиа карданд: 1929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед