logo

маориф

МАКТАБУ МАОРИФ - ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон Паёми  имсолаи худро ба Маҷлиси Олӣ аз нақши созанда ва офарандаи Конститутсияи мамлакат, ки имсол халқи шарифи Тоҷикистон 20 - солагии қабули онро дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ пешвоз мегиранд, оғоз намуд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат зикр намуд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, барои расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Президенти мамлакат ба муҳим будани соҳаи иҷтимоӣ, рушду таҳким ва боло рафтани маблағгузории он, ки соҳаи мактабу  маориф қисмати муҳими соҳаи мазкур ба шумор меравад, дахл карда, тазаккур дод, ки «Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва мо азм дорем, ки дар 7 соли оянда соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат дар ҳаҷми умумии зиёда аз 70 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кунем». Чунин иқдоми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар як  корманди соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу маорифро хушҳол мегардонад.
Сарқонун дар моддаи 41 ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони мамлакатро ба таҳсил эълон доштааст, ки тибқи он: «Ҳар шахс ҳуқуқи  таҳсил  дорад. Таълими умумии  асосӣ  ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
 Шахс дар  доираи  муқаррарнамудаи  қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба  таври  ройгон таълими миёнаи умумӣ,  ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад».
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи мактабу маориф беандоза зиёд аст ва дар 7 соли оянда барои таъмини соҳа ва беҳтар  гардидани таъминоти он ҷудо намудани 27 миллиард сомонӣ шаҳодати гуфтаҳои боло  мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми  худ ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, иброз намуд, ки: «Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф, инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Мусаллам аст, ки рушди бонизом ва босифати соҳаи мактабу маорифро бе омӯзгор тасаввур кардан мумкин нест ва дар маркази ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бояд омӯзгор қарор дошта бошад. Танҳо аз сатҳи баланди  фаъолияти омӯзгор  мо метавонем  дар оянда ба кадрҳои  баландихтисоси барои давлату миллат манфиатбахш умед бандем.
«Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад»,- таъкид доштани Сарвари давлат аввалан аз дарки ҷой ва нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон дарак диҳад, баъдан он шаҳодати аз ҷиҳати касбӣ боз ҳам боло бардоштани мактаб, маориф ва илм мебошад.
Рушду таҳкими минбаъдаи мактаби олӣ, ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ, қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ аз дастовардҳои муҳими соҳаи маориф арзёбӣ гардиданд.
Дар Паём дар бораи ба омӯзгорон пешбинӣ шудани имтиёзҳои зиёде таъкид гардида, Президенти мамлакат аз масъулони Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмини иҷрои бечунучарои онҳоро талаб намуд. 
Иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём пешбинигардида аз масъулони соҳаи мактабу маориф, махсусан омӯзгорони кишвар муносибати ҷиддиро нисбат ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ тақозо дорад. Зеро вақти он расидааст, ки корҳои назарраси дар ин соҳа баанҷомрасида, аз қабили бунёди мактабҳои нави замонавӣ, сол ба сол афзудани таъминоти моддию техникии муссисаҳои таълимӣ, махсусан таҷҳизонидани онҳо бо технологияи нави муосир, боло рафтани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон бояд дар таълим ва тарбияи насли наврас нақши назаррас дошта бошанд.
Ин ду раванд, яъне афзоиши бемайлони таъминоти таҳдоби моддӣ - техникии муассисаҳои соҳаи мактабу маориф ва боло рафтани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон аз як тараф, аз тарафи дигар баланд гаштани сифати таълим ва тарбияи насли наврас бояд бо ҳам алоқаи ногусастанӣ дошта, давоми мантиқии ҳамдигар бошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем аз сатҳ ва сифати мактабу маориф ва таълим дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намоем.

М. КАРИМОВА,
сардори шуъбаи кадрҳои           
Донишгоҳи давлатии омӯзгории
ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2014    №: 105    Мутолиа карданд: 1657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед