мулоқотҳо
АРЗИ СИПОСИ БАРАК ОБАМА БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Барак Обама, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои нақши муҳими Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа, пуштибонӣ аз неруҳои эътилоф дар Афғонистон, эътидоли вазъ ва эҳёи иқтисоди ин кишвар арзи сипос кардааст. Ниша Десай Бисвал, ёвари котиби давлатии ИМА, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки паёми Барак Обамаро дар ин маврид ба Эмомалӣ Раҳмон расондааст.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 2 июн Ниша Десай Бисвалро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқоти Сарвари давлат бо ёвари котиби давлатии ИМА «масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника» баррасӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, дурнамои вазъи минтақа пас аз хуруҷи неруҳои эътилоф аз Афғонистон яке аз мавзӯъҳои асосии гуфтугӯи ҷонибҳо арзёбӣ мешавад.
Хонум Ниша Десай Бисвал, ки ба манзури иштирок дар машваратҳои сиёсии солонаи миёни Тоҷикистону Амрико вориди Душанбе шудааст, баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон аз омодагии кишвараш барои дастгирии неруҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ, назири терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ паём дод.
Ёвари котиби давлатии ИМА изҳори бовар намуд, ки даври навбатии машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико бо натиҷаҳои барои ҳарду ҷониб судманд анҷом хоҳад ёфт. Ҳайатҳои ду кишвар дар доираи машваратҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, бахусус иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика, вазъи ҳуқуқи инсон, таҳкими марзҳо ва мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳониро матраҳ хоҳанд кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.06.2014 №: 105 Мутолиа карданд: 1282