logo

илм

ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ

Тибби паллиативӣ намуди махсуси ёрии тиббӣ ба беморони табобатнашаванда, дар ҳолати хуруҷи беморӣ ва дами марг қарордоштаро дар бар мегирад. Тибби паллиативии муосир бо тибби маъмулӣ иртиботи қавӣ дорад, зеро он дар заминаи омӯзиши масъалаҳои назарии умумии тиббӣ мукаммал мегардад.

Ёрии паллиативӣ ёрии фаъолона ва ҳамаҷониба ба беморони дар марҳилаи ниҳоӣ, дар ҳолате ки муолиҷа маҳдуд аст, бо мақсади коҳиш додани ранҷу азияти маризон, расонида мешавад. Сарфи назар аз он, ки рӯзҳои боқимондаи ҳаёти бемор на чандон зиёд аст, вазифаи тибби паллиативӣ бояд усулҳои ҷадидро ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии бемор ба кор барад. Дар кишварҳои хориҷӣ  барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти тибби паллиативӣ муассисаҳои махсуси таълимӣ амал мекунанд. Дар Амрико ҳанӯз аз соли 1997 чунин ташкилот амал намуда, беморон дар мавридҳои зарурӣ аз ёрии саривақтии он баҳраманд мегарданд. Дар Тоҷикистон низ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ солҳои охир курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, дар заминаи он аз ҷониби гурӯҳи омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ва кумаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва бо истифода аз маводи «ЕLNЕС» соли 2011-ум дастури таълимию клиникӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва шунавандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ таълиф гардид.
Дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд низ соли 2011 семинари илмӣ гузаронида шуда, ду сол инҷониб таълими фанни тибби паллиативӣ барои донишҷӯёни курсҳои III ва IV роҳандозӣ шудааст. Онҳо бо беморон ва оилаҳои онҳо сарукор мегиранд. Аз ин ҷиҳат  зарур аст, ки дорои маҳорати парастории баландсифати тиббӣ, ки низомномаи он аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ таҳия шудааст, бошанд:
- дарки саривақтии тағйироти динамикии бемор;
- мусоидат барои ҷорӣ намудани парасторие, ки ба таъмини ҳузуру роҳати шахси фавтидаистода равона карда шудааст;
- бо бемор, аъзои оила ва ҷомеаи тиббӣ самаранок ва бо дилсӯзӣ баррасӣ  намудани масъалаҳои анҷомёбии ҳаёт:
- зоҳир намудани эҳтиром ба фикру мулоҳиза ва хоҳишҳои бемор ҳангоми парасторӣ дар охири ҳаёт;
- баҳо додан ба нишонаҳои беморӣ бо истифода аз воситаҳои илман асоснокшуда ва натиҷаҳои муолиҷаи маъмулӣ, иловагӣ ва технологии бемор;
- баҳо додан ба ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла эҳтиёҷоти психологӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ва бо сифати баланд хидмат расондан ба беморон ҳатто дар марҳилаи анҷомёбии ҳаёташон.
Дар заминаи омодагии касбӣ дар маркази тиббии № 1-уми шаҳри Хуҷанд ҳамшираҳои тибби паллиативӣ бо тавсияи духтурон дар минтақаҳо бо пиронсолон, беморони имконияти муолиҷаашон маҳдуд ва рӯзҳои охири умрашои фарорасида хизмат расонида истодаанд. Ҳам беморон ва ҳам пайвандону наздикони онҳо аз кумаку дастгирӣ ва ғамхории кормандони тиб қаноатманду хушнуданд.
Фирӯза ХОЛМАТОВА,
мудири кафедраи тибби оилавии коллеҷи
тиббии шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.06.2014    №: 106    Мутолиа карданд: 2640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед