logo

маориф

Муроди мо танқиди воқеъбинона аст

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» бисёр зарур, муфид ва талаботи давр буд. Албатта, пеш аз ин ҳам мо ба ҳар маводи танқидӣ, ки воқеъбинона ва барои пешрафти кор чоп мешуд, назари нек доштем ва посух мегуфтем. Аммо минбаъд ин фармон вазифадорамон месозад, ки сари вақт, дуруст, бо эҳсоси масъулияти бузург ба матлабҳои танқидӣ ва таҳлилӣ вокуниш нишон диҳем.
Дар ҳақиқат, ҳар маводи танқидӣ ва таҳлилӣ таконе дар пешрафти кор хоҳад шуд. Мо шод мегардем ва нишони пешрафт медонем, вақте ки хабарнигорон, мардум нисбат ба фаъолияти маориф бо таҳлилу танқид андешаҳои ҷолибу муфид баён медоранд. Воқеан, рушду такомули соҳа ба ҳама вобастагӣ дорад. Мо дар алоҳидагӣ аз ӯҳдаи иҷрои пурраи ислоҳоти маориф баромада наметавонем.
Вобаста ба иҷрои фармони мазкур мехостам, ки рӯзноманигорон соҳаи маорифро барои фаъолияташон дуруст биомӯзанд, то минбаъд ҳамкории созанда ва самаранок ба вуҷуд биёяд.
Инчунин дар доираи имконоти кишвар бояд пешрафти соҳаро хостор бошем. Яъне мо яку якбора дар маориф барои расидан ба мамолики шинохтаи ҷаҳонӣ инқилоб карда наметавонем.
Ғайр аз ин мехостам, чи тавре ки дар қисмати 3-юми фармон омада: «Роҳбарони воситаҳои ахбори омма:
-таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводҳои танқидӣ ва таҳлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш ҳисобанд».
Муроди мо аз ин таъкид он аст, ки ҳама гуна танқид воқеъбинона ва ба хотири ислоҳи камбудиҳову рушду такомули соҳа бошад, на муғризона.
Бовар дорам, ки барои иҷрои фармони мазкур робитаҳои мо бо воситаҳои ахбори омма бештару беҳтар мегардад ва баҳри созандагӣ равона мешавад.

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ,
вазири маорифи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед