logo

порлумон

ҚОНУНҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ БА ТАСВИБ РАСИДАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, ду қонуни конститутсионӣ дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки баҳри таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ  дар кишвар дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ таҳия гардида, бо Фармони Президенти мамлакат 3 январи соли 2012 тасдиқ шуд. Бо мақсади иҷрои банди 9-уми барномаи мазкур ва ҷиҳати боз ҳам такмил додани фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ бо назардошти таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои пешқадами дунё лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, тибқи моддаи 58-уми Конститутсияи мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Мавсуф зикр кард, ки қонуни мазкур 3 ноябри соли 1995 қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқи замони қабулаш пурра мувофиқат дошт. Баъд аз қабули қонун ба он 12 маротиба, яъне 132 тағйиру илова ворид шуд. Дар марҳалаи кунунӣ лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти суди конститутсионӣ беҳбуд бахшида,  дар он фаъолияти мурофиавӣ, тартиби татбиқи салоҳият ва таъмини иҷрои санадҳои судӣ ҷиддан мавриди танзим қарор гирифтанд.
Маҳкам Маҳмудзода зикр кард, ки дар рафти таҳия ба сохтори лоиҳаи қонун, аз ҷумла алоқамандии мантиқӣ ва мавзӯӣ, пайиҳам омадани бобу моддаҳо ва институтҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ, ки бояд ба мазмуни қонуни конститутсионӣ мувофиқ бошанд, аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Лоиҳаи қонун аз 15 боб ва 86 модда иборат аст.
Нусратулло Абдуллозода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои банди 10-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2013, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2013 тасдиқ шудааст, аз тарафи Суди Олӣ якҷоя бо Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Вазорати адлия дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи мавсуф, зарурати дигари таҳияи лоиҳаи мазкур аз он иборат аст, ки аз қабули қонуни амалкунанда беш аз 12 сол сипарӣ шуда, ба он як зумра тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки истифода ва татбиқи меъёрҳои онро душвор гардонд.
Ҳамчунин ба техникаи эҷодии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони давлатӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур қабули онро дар таҳрири нав тақозо менамояд. Лоиҳаи қонуни номбурда аз 14 боб ва 138 модда иборат буда, бо назардошти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои амалкунандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз паёмҳояшон ба Маҷлиси олӣ бармеоянд, таҳия гардида, асосан ҳуқуқи ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатро нисбат ба ҳокимияти судӣ пешбинӣ намудааст. Дар лоиҳаи қонун принсипҳои асосии фаъолият, сохтор ва тартиби таъсиси судҳо, интихоб, таъйин, бозхонду озод намудан, тартиби ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ  кашидани судяҳо, таъминоти моддию техникӣ ва масоили дигари фаъолияти судҳо, инчунин салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ва мушаххас дарҷ гардидааст. Раиси Суди Олӣ зикр кард, ки риояи принсипҳои қонуният, эҳтимолияти бегуноҳӣ, баробарӣ дар назди қонун, ошкоро  будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо, забони мурофиаи судӣ ва ғайра барои судяҳо ҳамчун меъёри ҳатмӣ, роҳнамо барои татбиқи дурусти  қонунҳо ва қабули санадҳои қонунӣ ва асоснок равона шудааст.
Дар ҷаласа инчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» иловаҳо ворид гардид.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.06.2014    №: 108    Мутолиа карданд: 1580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед