logo

маориф

ЛАГЕРҲО ДАР КАДОМ ВАЗЪАНД?

Ба хотири дар сатҳи баланди ҷавобгӯй ба талаботи рӯз созмон додани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ ҳамасола Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасад. Аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2014» ҳанӯз аз 5 декабри соли 2013 қабул шуда, дар асоси он қарори раиси вилояти Суғд низ ба имзо расидааст. Барои иҷрои талаботи Низомномаи истироҳати тобистона дар минтақаҳо, аз ҷумла вилоятҳо нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати маориф, Федератсияи иттифоқҳои касаба, Маркази давлатии назорати санитарӣ - эпидемиологӣ ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят мураттаб ва барои иҷро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои дахлдори онҳо дастрас гардид.
Тибқи маълумоти расмӣ дар соли 2014 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бояд 20 лагер (урдугоҳ)-ҳои беруназшаҳрӣ, 630 лагерҳои рӯзонаи наздимактабӣ, 2 лагери истироҳатӣ - меҳнатӣ, 366 лагерҳои солимгардонӣ барои хонандагони синфҳои 9 -10 ва 46 лагерҳои варзишӣ - беҳдоштӣ амал намоянд, ки дар маҷмӯъ 106 ҳазору 100 нафар кӯдакону наврасони вилоятро фарогир бошанд. Инак, таътили тобистонаи мактабиён фаро мерасад. Оё онҳо метавонанд сари вақт  бо дастрасии роҳхатҳо аз ҷониби волидайн, мусоидати ташкилоту муассисаҳо дар лагерҳо истироҳат намоянд? Ва ҳамзамон мутобиқ ба қарори раиси вилояти Суғд аз 13 феврали соли 2014 ҳамагуна корҳои сохтмон, таъмиру тармими иншоот, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, гулкориву ниҳолшинониро то 15 май анҷом дода, масъулон бояд аз омодагӣ ба мавсим гузориш диҳанд. Оё лагерҳои вилоят омодаи мавсим шуданд? Мутаассифона, воқеият тамоман дигар аст.
Ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз сифати корҳои анҷомдодашуда ва шароити пазироии кӯдакону наврасон чанд лагерҳои машҳурро, ки дар мавзеъҳои гуногун ҷой гирифтаанд, дидем.
Метавон гуфт, ки ба истиснои лагерҳои доимоамалкунандаи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум ва «20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» омодагӣ дар дигар истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ нав оғоз ёфтааст. Табиист, ки ягон лагер иҷозатнома ва ё хулосаи маркази  санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати хадамоти оташнишониро соҳиб нашудааст. Масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят низ, ки худро ҳамеша аз ғамхортарин ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунанд, аз вазъи феълии ҳамаи шаклҳои лагер огоҳии комил надоранду нав тасмим гирифтаанд сафари корӣ анҷом диҳанд.
«Вохӯрӣ»  аз ҷумлаи лагерҳоест, ки ҳанӯз соли 1964 бунёд ёфта, ба таъсисёбиаш ним аср шуда бошад ҳам, бо сабабҳои гуногун дар тавозуни комиссариати ҳарбии вилоят қарор дошт, танҳо аз соли 2010 боз ба истироҳатгоҳи мактабиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табдил ёфтааст. «Вохӯрӣ»  мутааллиқ ба идораи маорифи ноҳия буда, бо арзиши 290 сомонии роҳхат 120 нафар кӯдакону наврасон метавонанд дар се баст ин ҷо таътили тобистонаи худро гузаронанд. Вале лагер феълан ҳолати басо ҳузнангезе дораду партовгоҳеро мемонад ва дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ наметавонад мактабиёни ноҳияро, ки теъдоди зиёдтарин дар вилояти Суғд аст, қабул намояд.
Лагери «Парвоз» сари вақт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба миқдори 60 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад ҳам, ҷараёни омодагӣ дар ин ҷо низ беҳбудӣ мехоҳад. Бино ба иттилои Музаффархон Эшонов, сарвари  истироҳатгоҳ, дар мавсим тасмим гирифтаанд дар як навбат ба 150 нафар фароғати тобистонаро  таъмин  карда, гурӯҳи махсус иборат аз  хонандагони ятиму бепарасторро таъсис диҳанд. Ҳамзамон арзиши як роҳхат барои 10 рӯзи фароғат то 200 сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин нарх дар қиёс ба дигар лагерҳои беруназмактабӣ арзонтар мебошад.
Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар мавзеи Овчӣ - Қалъача  лагери «Маркази солимгардонии Суғд» фаъолият дорад, ки муассисаш Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маорифи вилоят мебошад. Ин ҷо ба истиснои боғбон, ки ба дарави юнучқа машғул буд, аз масъулони лагер касеро дучор наомадем. Аммо аз анбӯҳи бистарҳои зери нури офтоб гузоштаву курсиву харакҳои нимрангшуда ба мушоҳида мерасид, ки  омодагӣ ба мавсим шурӯъ шудааст. Айнан чунин ҳолат дар аксари лагерҳои шаҳру навоҳии Ашт, Исфара, Мастчоҳ, Истиқлол, Конибодом, Ғончӣ, Панҷакенту Шаҳристон низ ба назар мерасад.
Масъулони лагерҳои беруназмактабӣ моро эътимод мебахшиданд, ки то қабули нахустин гурӯҳҳо (даҳаи аввали моҳи июн)  корҳои сохтмониву таъмирро анҷом хоҳанд дод. Аммо таъмиру тармим ин ҳанӯз омодагии комил нест, зеро барномаҳои истироҳатӣ таҳия нашудаанду он нафароне, ки бо кӯдакону наврасон дар ҷараёни таътил бояд сару кор дошта бошанд, маълум нестанд. Баъдан тарзи ороиши лагерҳо низ ҷиддан беҳбудӣ мехоҳад. Лагер бояд аз биноҳои маъмулии ҷойи зисту таҳсил куллан фарқ кунанд, бо ороиши махсус диққатҷалбкунанда, хотирмон бошаду афсонаеро монад. Ин намуди истироҳату фароғати кӯдакону наврасон, яъне лагер даҳсолаҳост, ки ба ҳукми анъана даромада, ба вижа  миёни  мактабиён маҳбубияти хоса пайдо кардаасту мунтазир мешаванд, ки кай фароғати тобистона фаро мерасад. Лагер аз назари онҳо маконест, ки он ҷо дарё ҷористу анбӯҳи дарахтон ва кӯҳу дараҳо печонида гирифтааст, ҳамзамон боз рӯдҳои мусаффо доранд, ки  шиноварӣ мекуниву шомгоҳон гирди гулхан мерақсиву суруд мехонӣ, ба гурӯҳҳо тақсим шуда ба сайру саёҳат мебароӣ, маҳфилҳои зиёди шавқмандӣ амал мекунанду ҳар яке иштиёқи худро дар онҳо муайян месозад. Яъне  будани кӯдаку наврас дар лагерҳо ибтидои ташаккули фаъолияти мустақилонаи онҳост ва ана ҳамин ҷузъиётҳо имрӯз дар лагерҳои кишвари мо низ бояд бошанду фарзандони мо бо таассурот, диди ғанӣ аз он ҷо ба манзилашон бозгарданд. Агар аз рӯйи ин талабот макони лагери «Парвоз» панҷ - даҳ сол қабл, ки дараи басо зебову дилнишин ба ҳисоб мерафту қобили қабул буд, ҳоло чунин манзара надорад, гирду атрофи онро манзилҳои хурду калони истиқоматии аҳолӣ пурра печонида гирифтаанд.
Лагерҳои «Вохӯрӣ» ва «Маркази солимгардонии Суғд» -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Парасту» -и Конибодом, «Сиёвуш» -и Мастчоҳ дар мавзеи иқлимашон гармтаре ҷойгир шудаанд. Ҳамзамон лагерҳои «Бодомча», «Обшорон», «Эделвейс»  ва «Парасту» -и ноҳияи Шаҳристон дар мавзеъҳои зебову кӯҳӣ  ҷойгир бошанд ҳам, ба нафарони алоҳидаву ташкилоту идораҳои гуногуни Истаравшан, Зафаробод, Спитамен, Идораи захираҳои оби вилоят мутааллиқ буда, таъмиру тармими онҳо ба соҳибмулкон вобаста мебошад ва бино ба иттилои ба мо расида   корҳо дар ин лагерҳо низ нав шурӯъ шуда, аз нуқсонҳои зиёде орӣ нестанд. Чунин вазъият дар лагери «Бободархон»-и ноҳияи Ашт, «Артуч» -и Панҷакент, «Уқобак», «Офтобак»-и Исфара низ ба мушоҳида мерасад. 
Масъалаи дигаре, ки масъулони маориф бояд ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, ин оид ба сарвари лагер аст, фарде, ки роҳбарии лагери мактабиёнро ба уҳда дорад, нафари соҳибмаълумот, бо ҷаҳонбинии тоза бошад, дар баробари масоили хоҷагидориву тартибу интизом хуб огоҳ аз дунё-олами кӯдакону наврасон буда, завқу шавқи онҳоро дарк карда тавонад. Мутаассифона, на ҳамаи сарварони лагерҳои вилоят дорои чунин сифатҳоанд. 
 Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2014    №: 109    Мутолиа карданд: 1965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед