маориф
ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ
Соли равон низ чун анъанаи дерин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» дар пойтахти кишвар ба донишҷӯдухтароне, ки аз тариқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил доранд, вохӯрӣ доир намуд.
Дар ин нишаст Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт зикр намуд, ки айни ҳол аз ноҳия 73 нафар духтар аз тариқи квота дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат таҳсил мекунанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлатамон аз ҷавонон умеди калон дорад. Зеро бештар аз 35 дарсади аҳолии кишварамонро ҷавонони 14-16 сола ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон рисолати хешро дар назди ҷомеа ва давлатамон амиқ дарк намуда, ташаббус ва нерӯи ақливу ҷисмонии худро барои манфиат ва рушди миллату давлат равона созанд. Духтарони тоҷик, хоса донишҷӯдухтарони ноҳия ин ҳақиқатро пай бурда, мехоҳанд, ки дар оянда дар баробари мардон барои ободии кишвари азизи хеш саҳмгузор бошанд.
Зумрад Лоиқова дар ин дидор аз духтарон хоҳони он шуд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳи худ баргарданд ва дар ободонии ноҳия ширкат намоянд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар донишҷӯ 150 сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд. Дастаи ҳунарии «Сомон»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо барномаи рангини консертӣ хотири иштирокдорони ҷамъомадро шод намуд.
Муҳаммадзоиршо Шарифзода,
«Ҷумҳурият»
Суратгир: М. Ризвонов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.06.2014 №: 110 Мутолиа карданд: 1605