logo

порлумон

ҚОНУНИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН БА ТАСВИБ РАСИД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, баргузор шуд, ду лоиҳаи қонун ба тасвиб расид.

Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ, зимни ташреҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон» гуфт, ки он дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод мегардад. Раванди ҷаҳонишавӣ дар миқёси олам дар назди инсоният мушкилоти нав ба навро ба миён овардааст. Яке аз ин мушкилиҳо, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол менамояд,  ба инсон ҳамчун ашёи хариду фурӯш муомила кардан мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2010-ум 531, соли 2011-ум 512, соли 2012-ум 522 ва дар соли 2013-ум  680 ҷинояти марбут ба савдои одамон ба қайд гирифта шудааст.
Тавре аз ин ҳисобот бармеояд, доираи амалҳои афроди ҷинояткорони ба савдои одамон машғул рӯз то рӯз меафзояд. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат, дар соли 2012 шумораи қурбониёни савдои одамон дар ҷаҳон ба 27 миллион нафар расидааст. Аз ин нишондод шумораи бештари қурбониёни савдои одамонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи меҳнати маҷбурӣ, одамрабоӣ фоҳишагӣ ва истисмор, қурбони савдои одамон гардидаанд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 9 боб ва 48 модда иборат аст.
Насрулло Маҳмудов, вакили порлумон, гуфт, ки 10 сол муқаддам, яъне 15 июни соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба хариду фурӯши одамон» қабул гардид. Дар ин даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ доир ба ин масъала якчанд санади ҳуқуқии байналмилалӣ ба имзо расонд. Ҳамзамон қонунҳои моделии Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расондани  кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба имзо расидаанд. Мавсуф зикр кард, ки намуд ва доираи муносибатҳои ғайриқонунӣ ба одамон на танҳо дар шакли харидуфурӯш, балки дар дигар шаклҳо ба вуҷуд омада, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар ин самт берун аз танзими қонуни амалкунанда мондаанд.
Бинобар ин, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид. Азбаски лоиҳаҳо бо ҳамдигар дар ҳамбастагии зич қарор дошта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расондани ёрӣ ба қурбониёни савдои одамонро ба танзим медароранд, аз ин лиҳоз бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва пешниҳоди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ва дигар кумитаҳо бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ин лоиҳаҳо ба як қонун, яъне ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муттаҳид шуд.
Амирқул Азимов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, зимни ба тасвиб расидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо назардошти меъёр ва принсипҳои қонунгузории байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Мақсад аз лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супурдан, гирифтан ва нобуд кардани ин ҳуҷҷатҳо мебошад.
Лоиҳаи қонун аз 5 боб ва 36 модда иборат аст.
Дар интиҳои ҷаласа Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар робита ба ҳодисаи ҳамлаи рӯзи 10 июн ба ӯ ва ҳамроҳонаш, ки дар шаҳри Кӯлоб аз тарафи як гурӯҳ авбошон сурат гирифт, ба Маҷлиси намояндагон гузориш дод.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагон бо таассуф ба ин ҳодиса менигарад ва онро пайгирӣ хоҳад кард. Мавсуф ба Муҳиддин Кабирӣ тавсия дод, ки ҳодисаро хаттӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намояд, то ба он ҳодиса баҳои воқеъбинона дода, авбошон ба ҷазо кашида шаванд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2014    №: 112    Мутолиа карданд: 1648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед